ПАН ГИ МУН ХОСТОРИ ТАҚВИЯТИ РАВОБИТИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН БО НИҲОДҲОИ СММ ШУД
Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус парлумони он бо ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷараёни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Дабири кулли СММ Пан Ги Мун шоми 5 апрел дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ташрифи Дабири кулли СММ-ро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир шуда, аз ҷониби нозирони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалии минтақавию байналмилалӣ мушоҳида гардида, баҳои баланд гирифт. Мавсуф афзуд, ки Маҷлиси намояндагон дар давраи фаъолияти худ беш аз 400 Созишнома, Протокол ва Конвенсияи байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки он шаҳодати фаъолияти пурсамари парлумони Тоҷикистон аст. Шукурҷон Зуҳуров нақши СММ-ро дар барқарории сулҳу субот ва ҳалли қазияи кишварҳои Афғонистон, Ироқ, Шарқи Наздик ва дигар масъалаҳои ихтилофбарангези миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ кард. Дар навбати худ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун изҳори умедворӣ кард, ки бо интихоб шудани Ш. Зуҳуров ба мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон – Раиси Маҷлиси намяондагон заминаи мусоиде барои тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ниҳодҳои СММ фароҳам хоҳад омад. Мусоҳибон, ҳамзамон масъалаҳои дигари таҳкими ҳамкориҳои судмандро баррасӣ карданд. Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.