ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН СОЗИШНОМАИ СААД-РО БА ТАСВИБ МЕРАСОНАД

Апрель 5, 2010 14:42

Душанбе, 5 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-5 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд. Дар ҷаласа лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағийрот ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Дар бораи Созишнома оид ба Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши  фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва тасдиқи ҷадвали қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки масъалаҳои баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуданд.

Апрель 5, 2010 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад