ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО ДАР БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН БЕШТАР МЕГАРДАД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид 13 апрел бо мушовири техникии раёсати шаҳрсозии Вазорати рушди шаҳрҳои Давлати Исломии Афғонистон Ҳоҷӣ Фазлуддин Содиқӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаи сохтмон ва хариду фурӯши масолеҳи бинокорӣ дар байни ҳар ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Шариф Саид нақши мусбати намоишгоҳи ба қарибӣ дар Душанбе баргузоргардидаи Афғонистонро махсус таъкид намуд. Зикр шуд, ки ба туфайли намоишгоҳи мазкур хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар хеле афзуд ва умед аст, ки равобити тиҷоратии ҳар ду мамлакат хусусан дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва сохтмон вусъат хоҳад ёфт. Мусоҳибон изҳор карданд, ки вақтҳои охир зарурати зиёд кардани парвози ҳавопаймоҳо дар байни Тоҷикистону Афғонистон ба миён омадааст. Дар робита паймон карда шуд, ки ҳавопаймоҳо байни ҳар ду кишвар дар як ҳафта чор маротиба парвоз кунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






