ПАЁМИ ШОДБОШИ САРВАЗИРИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе. 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – 8 апрел дар Маскав бахшида ба 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси Вазорати илму маорифи Русия, Академияи илмҳои Русия, Бунёди байналмилалии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ гузаронида мешавад. Дар маросими ифтитоҳи конфронс паёмҳои шодбоши Муншии умумии СММ Пан Ги Мун, Президенти Русия Дмитрий Медведев, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргисян ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов қироат карда шуданд. Паёми шодбоши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов қироат кард. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар тӯли таърихи башарият воқеаҳое баргузор гардиданд, ки бузургию шаҳомат ва аҳамияти онҳо бо гузашти замон бештар мегардад. Яке аз чунин рӯйдодҳои фаромӯшнопазир ғалабаи халқҳои шӯравӣ бар фашизми Олмон мебошад, ки имсол 65 – солагии он дар тамоми ҷаҳон ботантана таҷлил карда мешавад. Ин санаи таърихӣ ҳам барои иштирокчиёну ветеранҳои ҷанг, ҳам барои калонсолон ва ҳам барои насли баъди ҷанг бадунёомада боиси ифтихор ва муқаддас мебошад, зеро он рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, устуворӣ ва мардонагии падарону бобоёни мо ба шумор меравад. Ғалаба дар ҷанг маҳз бо шарофати дӯстии халқҳо ва миллатҳои Иттиҳоди собиқи шӯравӣ ба даст омад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ин ҳақиқатро инкор намояд. Дар замони ҳозираи пурихтилоф вақте, ки зуҳуроти номатлуби терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва ҷинояткории минтақавӣ ба сулҳу осоиш ва суботи мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд, ин таҷрибаи таърихӣ аҳамияти торафт бештар пайдо менамояд. Қобили қайд аст, ки халқи Тоҷикистон низ баробари халқҳои дигари ба муқобили фашизм бархоста, саҳми арзандаи худро дар ин ғалабаи бузурги таърихӣ гузоштааст. Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон иштирок доштанд, 92 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳои ҷанг қурбон шуданд. Солҳои ҷанг дар Тоҷикистон хонаводае набуд, ки фоҷиаи ин даҳшатро аз сар нагузаронида бошад. Имрӯз аз мо шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оқибатҳои он талаб карда мешавад, мо бояд насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтироми поси хотири қаҳрамонони ҷанг, идеалҳо ва фарҳанги сулҳ, дар рӯҳияи муҳаббат ба ватан, эҳтироми корнамоиҳои халқҳо ва миллатҳои дигар тарбия кунем. Боварӣ дорам, ки конфронси байналмилалӣ дар бораи аҳамияти таърихии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарори воқеъбинона қабул намуда, яке аз рӯйдодҳои муҳими таҷлили 65 – солагии галаба бар фашизм ва Ҷанги Бузурги ватании солҳои 1941 – 45 хоҳад гашт. Ба ҳамаи иштирокчиёни конфронс фаъолияти самарабахш ва ба халқҳои мамлакатҳоямон сулҳу осоиш, рӯзгори фараҳмандона ва шукуфоӣ орзу менамоям». Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронс роҳбари маъмурияти Президенти Федератсияи Русия, раиси комиссияи назди Президенти Федератсияи Русия дар масъалаи пешгирии кӯшишҳои таҳрифи таърих ва расонидани зиён ба манфиатҳои Русия Сергей Наришкин, раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, раиси Академияи миллии илмҳои Украина, академик Борис Патон ва дигарон сухан карданд. Дар фарҷоми конфронс ҳуҷчати хотимавии он қабул карда шуд.