ПЕШРАВИҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ БДА «АМОНАТБОНК»
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии кишвар дар солҳои охир, ки таваҷҷӯҳ ва фаъолияти тамоми сохторҳои молиявӣ ба он равона карда шудааст, ин ҷалби ҳарчи бештари воситаҳои пулӣ ва сармояҳои аҳолӣ ба бонкҳои дар дохили кишвар амалкунанда мебошад. Ин нукта дар баромад ва вохўриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор таъкид гардида, ба идора ва ташкилотҳои дахлдор ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани хизматрасонии мазкур дастуру супоришҳо дода шудаанд. Бонки давлатии амонатгузории (БДА) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқгардонии қабулу ҷойгиркунии амонатҳо, фаъолияти пурсамари кормандон, омода намудани мутахассисони сатҳи байналмиллалӣ ва муносибату муомила бо мизоҷон кўшишу заҳмати зиёд ба харҷ медиҳад. «Амонатбонк» ҳамчун яке аз бонкҳои собиқадор дар ин самти фаъолият бо назардошти талабот ва хоҳиши мизоҷон як идда шаклҳои амонатҳоро бо мӯҳлатҳои гуногун имрўз дар фаъолияти рўзмарраи муассисаҳои худ ҷорӣ намудааст. Дар ҳоли ҳозир амонатҳои Амонатбонк вобаста ба шарту шароитҳояшон ба амонатҳои «Мўҳлатнок», «Мўҳлатноки ҷамъшаванда», «Мўҳлатнок бо пардохти иловагӣ», «Мўҳлатноки кўдакона», «Нафақавӣ», «Ҳамватани бурунмарзӣ», «Имконият» тақсим мешаванд. Шумораи мизоҷони амонатгузор дар тамоми муассисаҳои бонк зиёда аз 80 ҳазор нафарро, ки аз онҳо 72,5 ҳазор нафарашон шахсони вокеъӣ ва зиёда аз 8 ҳазор нафарашон шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ташкил дода, маблағи умумии амонатҳои онҳо 380 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Амонатбонк дорои шабакаи бузурги муассисаҳо буда, бахшу шўъба ва оҷонсиҳои он дар саросари кишвар амал мекунад. Ин ягона бонкест, ки сохторҳои он ҳатто дар хурдтарин деҳоти мамлакат фаъолият карда, сокинони дуртарин маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро бо хизматрасониҳои бонкӣ таъмин менамояд. Чанд рўз пеш дар яке аз ҷалассаҳои корӣ, Раёсати бонк дурнамо ва нақшаи фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои бонкро оид ба фаъолият дар самти хизматрасонии ҷалби амонатҳои аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, тасмим гирифт, ки бо мақсади боз ҳам самарабахшу дар сатҳи муосир ба роҳ мондани ин шакли фаъолият ва шаффофияти муносибат бо мизоҷон, ба ҷои дафтарчаҳои амонагузорӣ кортҳои бонкиро ба истифода диҳад. Гузариш ба ин шакли муосир ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» аз соли 2008 оғоз гардида, то имрўз якчанд самти фаъолияти бонк аз қабили пардохти музди меҳнат ва пардохти нафақаи аҳолӣ ба ин тарз ҷорӣ гардидааст. Натиҷаҳо нишон доданд, ки ҳарчӣ соддагардонӣ ва шаффоф ба роҳ мондани коргузориҳо дар фаъолият, таваҷҷӯҳ ва боварии мизоҷонро дучанд гардонида, сафи онҳоро меафзояд. Боварӣ ва эътимод беҳтарин маром дар муомилоти бонкӣ маҳсуб меёбад. Амонатбонк барои дарёфти боварӣ ва эътимоди мардум тамоми васоити ақлонӣ ва моддии худро сафарбар намуда, баҳри дарёфти роҳу восита ва таҷрибаҳои пешқадам кушиш ба харҷ медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад






