ПОСБОНӢ БО САГҲОИ ОМӮЗОНИДАШУДА

Апрель 19, 2010 11:56

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Онҳое, ки дар кӯчаҳои пойтахт бо сагҳои омӯзондашуда дастаҳои посбонони шӯъбаҳои корҳои дохили шаҳри Душанберо дучор меоянд, ҳарон нашаванд,- мегӯяд сардори маркази сагшиносии ВКД- и Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Ӯлмасов. Ба наздикӣ 12 нафар кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ки аз курсҳои кӯтоҳмуддати сагшиносӣ гузашта буданд, ба тарзи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатнома супорида шуд. Сагҳо дар ҳамаи ҷамъомадҳо ва чорабиниҳо оид ба фаъолияти корҳои фаврӣ — хизматии  кормандони умури дохила мавриди истифода қарор мегиранд ва дар пайдо кардани пул, маводи нашъаовар ва маводи тарканда маҳорати хуб доранд. Боис ба ёдоварист, ки маркази сагшиносӣ ҳанӯз соли 2007 таъсис дода шуда буд ва аз он вақт то имрӯз корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Айни замон дар маркази сагшиносӣ 46 саги хизматӣ нигоҳдошта мешавад. Дар  ҳолати зарурӣ, шаҳрвандон тибқи шартнома  аз хизмати сагҳои озмудашуда истифода карда метавонанд.  

Апрель 19, 2010 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад