ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ КАДОМ САМТҲОРО АФЗАЛИЯТНОК МЕДОНАД?

Апрель 13, 2010 14:47

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва умуман, вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин гуна далелҳо зимни тафтишоти мақомоти прокуратура дар ВМКБ ва вилояти Суғд, якчанд ташкилоту идораҳо ошкор гардид, ки муроҷиати шаҳрвандон саривақт баррасӣ намешаванд», — тазаккур дод дар нишасти матбуотӣ 13 апрел, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода. Ӯ афзуд, ки аз ин рӯ, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 4 самт, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат аз болои ҳодисаҳои корруптсия ва ошкор кардани он, татбиқи қонунҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон, оид ба истифодаи самараноки замин ва барқарор намудани бақияҳои андозро самти афзалиятнок дониста, корро дар ин раванд пурзӯр менамояд, то пеши роҳи ҳамагуна қонунвайронкуниҳо саривақт гирифта шаванд.  Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон санадҳои эътиноии прокурорӣ, аз қабили 12 эътироз, 355 пешниҳод, 165 амр, нисбати 80 нафар истеҳсолоти маъмурӣ, нисбати 94 нафар истеҳсолоти низомӣ бароварда шуда, 10 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. «Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шуда бошад ҳам, ташвишовар он аст, ки ҷиноят аз ҷониби ноболиғон, куштор, ғоратгарӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир афзудааст, ки омили асосии ин назорат чӣ аз ҷониби оила ва чи аз ҷониби ташкилотҳои марбута ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кам аст», — изҳори нигаронӣ кард прокурор. Мавриди зикр аст, ки дар давоми се моҳи аввали соли равон 3206 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум 3,8% кам аст. Ҷиноятҳои вазнин бошад, 581 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати давраи муқоисашаванда 14,3% кам мебошад. Аммо, дар ин давра 40 куштор — 2,6 маротиба зиёд, 16 ҳодисаи роҳзанӣ — 23,1 фоиз зиёд, 50 ҳодисаи ғоратгарӣ — 19 фоиз зиёд, 245 гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир – 33,2 фоиз зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба қайд гирифта шудааст.

Апрель 13, 2010 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст