РӮЗҲОИ НАЗДИК ВАКСИНА ВОРИД МЕШАВАД

Апрель 26, 2010 15:31

Душанбе, 26 апрел. (НИАТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 27 апрели соли ҷорӣ  Хазинаи Кўдакони Созмони Миллали Муттахид (ЮНИСЕФ)  барои эмкунии тамоми кӯдакони аз 0 то 5 сола чор  миллион ваксинаи зидди бемории фалаҷро ба Тоҷикистон ворид мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хабар доданд. Вазорати тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон дар се давр  маъракаи эмкунии зидди бемории фалаҷро дар тамоми кишвар бо дастгирии ЮНИСЕФ, Ташкилоти умумичаҳонии Тандурустӣ ва дигар шарикони Ташабуси чаҳонии аз байнбарии бемории фалаҷ, мегузаронад. Дар ин маърака қариб 1.1 миллион қeдакони аз 0 то 5 солаи ҷумхурӣ, бо гирифтани се микдори иловаги и доруи зидди бемории фалаҷ, эм карда мешаванд.  Баъд аз таваққуфи 13 сола, дар Тоҷикистон ҳафт ҳолати тасдиқшуда ва зиёда аз сад ҳолати  гумонбар ба бемории фалаҷи шадад (полиомиелит) ба қайд гирифта шудаст. «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 ҳамчун давлати озод аз полиомиелит дониста шудааст,- гуфт Сантино Северони, намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо вучуди ин, ҳолатҳои зиёдшавии бемории фалаҷи шадиди суст, ки нишонаи асосии бемории фалаҷ мебошад, дар ҷанубу-ғарби Тоҷикистон ба кайд гирифта шудааст. Ташхисҳои лаборатории мо нишон медиҳанд, ки мо бо хуруҷи бемории фалаҷ дар ҷумхурӣ рӯ ба рӯ ҳастем. Ии аввалин хуруҷи бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қатори дигар давлатҳои Аврупо соли 2002  ҳамчун давлати аз бемории фалаҷ озод дониста шудааст ба ҳисоб рафта, аз хориҷи кишвар ба ҷумхурӣ ворид шудааст». Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон  Хонгвей Гао илова кард: « Беморӣ бо суръати тез паҳн шуда истодааст  ва қисмати зиёди беморони тасдиқшударо кӯдакон ташкил мекунанд. Аз ин рӯ, мо бояд таъҷилан тамоми кӯдакони аз 0 то 5 солаи ҷумҳуриро  эм кунем, то ин ки пеши сирояти бемории фалаҷро гирем ва ҳаёти кӯдакони Тоҷикистонро наҷот диҳем». Дар якчоягӣ бо Ташаббуси ҷахонии аз байнбарии бемории фалаҷи шадид, ЮНИСЕФ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо Вазрати тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон амал карда, нақшаи фаъолияти фаврии пешгирии ин бемориро таҳия менамоянд. Тачрибаи пешин дар самти аз байбарии бемории фалаҷ нишон медихад, ки гузаронидани эмкунии фаврӣ ва такрории кӯдакон дар пешгирии хуруҷи бемориҳо бисёр самаранок аст. ЮНИСЕФ маъракаи эмкуниро дастгири намуда бо ваксинаҳои зиди бемории фалаҷ таъмин мекунад. Инчунин корҳои иттилоотӣ ва фаҳмонидадиҳиро дар байни аҳолӣ оиди маъракаи эмкунӣ мегузаронад. Ташкилоти умумичахонии тандурустӣ  маъракаи эмкуниро бо кумаки молӣ ва техникӣ таъмин намуда дар тархи маърака, таёр кардани дастурҳо ва омузонидани кормандони соха кeмак мерасонад. Илова бар ин, Ташкилоти умумичахонии тандурустӣ корҳои ташхисӣ ва эпидемиологии хуручи бемориро давом медихад.

Апрель 26, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!