РОҲБАРИ НАВИ ФОНДИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМКОРИИ ГУМАНИТАРИИ ИДМ

Апрель 14, 2010 16:04

Душанбе,  14 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Дар  маҷлиси  якҷояи  Фонди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии   давлатҳои  ИДМ  ва  Шӯрои   ҳамкории  гуманитарии  давлатҳои  ИДМ Сафири  фавқулодда  ва  мухтори  Ҷумҳурии  Озарбойҷон  дар  Федератсияи  Русия Пӯлод Булбулӯғлӣ раиси  Фонди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии  давлатҳои  ИДМ  таъин  карда шуд. П.Булбулӯғлӣ  узви Шӯрои  ҳамкории   гуманитарӣ ва  узви  раёсати  Фонди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии  мамлакатҳои  ИДМ  мебошад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   раиси  нави   фонд  аз  22 майи  соли 2010  ба  иҷрои  вазифаҳояш  шурӯъ  менамояд.  Айни  ҳол   раиси  фонди  мазкур   вазири  маориф  ва  илми  Қазоқистон Ҷонсаид  Тӯймабоев  мебошад. Пӯлод  Булбулӯғлӣ  овозхони  машҳури  эстрадии  шӯравӣ  ва  Озарбойҷон,  оҳангсоз  ва ҳунарпешаи  маъруф   мебошад. Ӯ  ходими  хизматнишондодаи  санъати ҶШС  Озарбойҷон,  Ҳунарпешаи  халқии  ҶШС  Озарбойҷон,  вазири  фарҳанги  Озарбойҷон, сафири  Озарбойҷон   дар  Русия,  доктори  илми  санъатшиносии Академияи  миллии  эҷодии  Озарбойҷон, узви  ҳақиқии Академияи байналмилалии гуманитарии  «Аврупо – Осиё» аст. Ёдовар  мешавем, ки   созишномаи  ташкили  Фонди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии   мамлакатҳои  ИДМ  моҳи  майи  соли  2006  дар  шаҳри  Душанбе   имзо  шуда буд.  Онро  роҳбарони  давлатҳои Арманистон,  Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон  имзо  карда буданд. Озарбойҷон  ба  созишномаи  мазкур   моҳи  июни  соли  2008  ҳамроҳ  гардид.

Апрель 14, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад