СӮҲБАТИ РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ХБА БО ХАБАРНИГОРОН

Апрель 12, 2010 15:29

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон қабл  аз  чошти  имрӯз  бо  роҳбари  намояндагии Хазинаи байналмилалии  асъор  Аксел  Шиммелпфенинг  мулоқот  кард.  Мавсуф   баъди  анҷоми  мулоқоташ  бо  Президент  бо  хабарнигорон   сӯҳбати  мухтасар  орост. Вай  зикр  намуд, ки  ба  президент  дар  бораи  натиҷаҳои  мулоқотҳояш бо  роҳбарону  намояндагони  вазорату  идораҳои  соҳаҳои  гуногуни  иқтисодиёти  Тоҷикистон  маълумот  додааст.  Қайд  карда  шуд, ки  зимни  мулоқот  бо  Президент барномаи  тараққиёти  иқтисодии  Тоҷикистон  дар  соли  2010  муҳокима  карда ва  маъқул  дониста  шуд.  Ин  имкон  медиҳад, ки  мувофиқи  эҳтиёҷоти  Тоҷикистон   нақшаи  додани  қарзҳо   муайян  карда шаванд,  гуфт  А.Шиммелпфенинг. Ҳайати  хазина  баъди  бозгашт  барои  роҳбарият  ва баъд  барои  Шӯрои  мудирони   он   дар  бораи  Тоҷикистон  маърӯзаи  муфассал  пешниҳод  менамояд.  Вай таъкид  кард, ки  Тоҷикистон  оқибатҳои  бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявиро   нисбат ба   мамлакатҳои  дигар   хубтару  бештар  бартараф  месозад. Ба  туфайли  ин  дар  пешрафти  иқтисодиёт  натиҷаҳои  мусбат  мушоҳида  мешаванд.  Аз  ҷумла,  маблағи  воридоти  пул  аз  хориҷа   нисбат ба   ҳамин  давраи  соли  гузашта  14  фоиз  ва  ҳаҷми  содироти  мол  тақрибан  45  фоиз афзуд.  Ҳамчунин   нақшаҳои  тараққиёти  соҳаи  энергетика  умедворкунанда  мебошанд.  Ҳаҷми  истеҳсоли   молҳои  саноатӣ  низ  меафзояд.  Ба  ақидаи   намояндаи  Хазинаи  байналмилалии  асъор  ҳаҷми   истеҳсоли  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилии  Тоҷикистон  соли равон  тақрибан  4  фоиз   зиёд  хоҳад  шуд.

Апрель 12, 2010 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд