С&#1262&#1202БАТИ МУСТА&#1178ИМИ ИНТЕРНЕТИИ &#1202.ЗАРИФ&#1250 БО ХОНАНДАГОНИ «ЖЕНМИН ЖИБАО»

Апрель 28, 2010 15:00

 Пекин,  28 апрел. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Тавре  хабар  дода шуда буд,   вазири корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  имрӯзҳо  дар  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  мусофират  дорад. Вай  қабл  аз  чошти  имрӯз  тавассути  шабакаи  интернет бо  хонандагони  рӯзномаи  мӯътабари  Чин  —  «Жэнмин Жибао» мустақиман  сӯҳбат  кард.  Сӯҳбат  асосан  ба  мавзӯи  равнақу  ривоҷи  муносибатҳо  ва  ҳамкории  Тоҷикистону  Чин  дар  соҳаҳои  гуногуни  иқтисодиёт  бахшида  шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  қабл  аз  оғози  сӯҳбат   бо   муовини   сармуҳаррири  рӯзнома  Ма Ли  ва мудири  шӯъбаи  сайти  интернетии   он  Хэ  Сзячжен  мулоқот  анҷом  дод. Муовини  сармуҳаррири  рӯзнома   саволҳои  хонандагонро   ба  Ҳ.Зарифӣ  пешниҳод  намуд. Вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон ба  бештар  аз  20  саволи  хонандагони рӯзнома  ҷавобҳои  мушаххасу  қонеъкунанда  дод. 

Апрель 28, 2010 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад