САҲМИ ХАТЛОНИЁН ДАР СОХТМОНИ НБО-И «РОҒУН»
Қӯрғонтеппа, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шўъбаю бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросимњои Дастгоҳи раиси вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, бо мақсади ба мардуми вилоят фаҳмонидани мўҳтавои Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон аз 5 январи соли 2010 «Дар бораи ба фўруш баровардани саҳмияҳои нерўгоҳи барқии Роғун» дар маҳалҳо бо мардум барои тезонидани суръати сохтмони нерўгоҳ ва ба моликияти истисноии давлату мардуми Тољикистон табдил додани он харидори намудани саҳмияҳои нерўгоҳи барқии обии Роғун вохўрию сўҳбатҳо доир намуданд. Тавре мудири шўъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи раиси вилоят А. Забиров иттилоъ дод, вохўрию сўхбатҳо бо мардум собит намуд, ки онҳо Муроҷиатномаи Президенти мамлакатро ҳаматарафа дасгирї намуда аз пасандозҳои оилавии худ ва аз ҳисоби сарфаи хароҷоти маблағҳои ҷашну маъракаҳо саҳмияҳои НБО-и «Роғун»- ро харидорӣ менамоянд. Аз ҳисоби сарфаи хароҷоти маъракаҳои хурсандии шаҳрвандон ба 15 марти соли ҷорӣ 215600 сомонӣ ва аз ҳисоби кормандони танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 226400 сомонӣ саҳмияҳои НБО-и «Роғун» харидорӣ шудааст. Ходимони ташкилотҳои динӣ низ дар баробари дигар шахсони саховатманд дар масъалаҳои расонидани кўмакҳои моддиву молиявӣ ба мактаб-интернатҳо, шахсони яккаву танҳо, дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист саҳмгузорӣ карда истодаанд. Имомони масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо дар намозњои ҷумъа мавъиза намуда намозгузоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сарфаю сариштакорӣ дар зиндагӣ ҳидоят намуда ба харидории саҳмияҳои НБО-и «Роғун» даъват намуданд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои динии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои харидорӣ намудани лампаҳои каммасраф ба оилаҳои камбизоат мунтазам кўмакҳо расонида мешавад. Ходимони дини вилоят барои сохтмони НБО «Роғун» ба маблағи 157 906 сомонӣ кӯмаки бебозгашт намуда ба маблағи 1 250 000 сомонӣ саҳмияњои НБО «Роғун» -ро харидорї намудаанд, ки ин иқдоми имомони масҷидҳо идома дорад.