САҲМИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР ТАҲҚИҚИ СИТОРАҲО

Апрель 9, 2010 15:19

Душанбе,  9 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). – 12  апрел  дар  саросари  ҷаҳон  Рӯзи  умумиҷаҳонии  ҳавонавардӣ  ва  таҳқиқоти  кайҳон  ва  16  апрел  Рӯзи  илм   ҷашн  гирифта  мешаванд. Дар  арафаи   ин  санаҳои   муҳим   директори Пажӯҳишгоҳи  ситорашиносии  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ, доктори   илмҳои  физикаю  математика,  узви  вобастаи Академия  Хурсанд  Ибоддинов  ба  чанд  саволи  мухбири  АМИТ «Ховар»  ҷавоб  дод. Вай  зикр намуд, ки   саҳми  олимони тоҷик  дар таҳқиқи   ситораҳо ва  умуман  фазои  кайҳон  хеле  калон аст. Тасодуфӣ  нест, ки  бисёр   ситораҳои  хурд  ва  ҷирмҳои  кайҳонӣ ба номҳои «ГисАО» (Гисарская  астрономическая  обсерватория), «Тоҷикистон» ва ҳафт  сайёраи  дигари  хурд  ба  номи  олимони  ситорашиноси  тоҷик  гузошта шудаанд. Х.Ибоддинов  афзуд, ки  таърихи   илми  ситорашиносии  тоҷик   дар  даврони  шӯравӣ  аз  солҳои  30 –юми   асри  гузашта оғоз  меёбад.  Соли  1932   дар  шаҳри Сталинобод  расадхона  бунёд  карда шуда буд.  Баъдан  дар  заминаи он  Пажӯҳишгоҳи  ситорашиносӣ  таъсис  ёфт.  Баъди  ин  дар  минтақаҳои  гуногуни  ҷумҳурӣ   се  расадхона —  расадхонаи  Ҳисор,  расадхонаи  Санглох  ва  расадхонаи  Помир   сохта шуданд. Солҳои  ҳокимияти  шӯравӣ  дар  Тоҷикистон   мактаби  таҳқиқи  ситораҳо ва  системаи офтоб  ба  вуҷуд  оварда шуд.  Кормандони  пажӯҳишгоҳ  инчунин  дар  иҷрои   барномаю  нақшаҳри  илмии  байналмилалӣ  ширкат  меварзанд. Пажӯҳишгоҳи  ситорашиносии  Тоҷикистон  имрӯз  бо   муассисаҳои  илмии   соҳавии  Русия,  Фаронса,  Украина, Британияи  Кабир,  Чехия,  Словакия,  Олмон,  ИМА, Ҷопон, Чин, ҷумҳуриҳои  Осиёи  Марказӣ  ва  мамлакатҳои дигар  ҳамкорӣ  мекунад. Олимону  мутахассисони тоҷик  вазъияту  ҳолат ва мадори  ҳаракати   ситораҳо,  ҷирмҳои  кайҳонӣ,  аз  ҷумла  шиҳобҳои  соқиб,  ҷирмҳои  ситорамонанд ва  радифҳои  маснӯи  Заминро таҳқиқ  менамоянд.  Онҳо  инчунин  дар  барномаҳои  илмии созмонҳои байналмилалӣ ширкат  меварзанд. Ҳадафи таҳқиқи  онҳо  кашфи  асрори  кайҳон  ва таъмини  бехатарии   сайёраи  Замин   мебошад. Қайд  карда шуд, ки   расадхонаи  Санглох  аз  сатҳи  баҳр  дар  баландии  2300 метр,  расадхонаи  «Помир» аз  сатҳи  баҳр  дар  баландии  4350  метр  воқеъ  гардидаанд. Ин  расадхонаҳо  барои таҳқиқи  кайҳон  шароити  мусоид  доранд. Чунин  шароит   дар  ягон  мамлакати  ҷаҳон  вуҷуд  надорад. Х.Ибоддинов  дар  масъалаи  тайёр  намудани  кадрҳо  сухан  ронда,  зикр  кард, ки  соли  1999  дар  Донишгоҳи  миллии  ҷумҳурӣ  кафедраи  ситорашиносӣ  кушода шуд. Донишҷӯёни  аввалин  донишгоҳро  соли  2004  хатм  намуданд.  Ҳоло   донишҷӯёни  беҳтарини  он   дар  Пажӯҳишгоҳи  ситорашиносӣ  ва  муассисаҳои  дигари  илмии  академия  кор  мекунанд.  

Апрель 9, 2010 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад