САҲМИ ТОҶИКОН ДАР ФРОНТ ВА АҚИБГОҲ
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нашриёти «Ношир» ба муносибати 65-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ китоби доктори илми таърих, профессор Шарифҷон Аҳмадовро бо номи «Саҳми Тоҷикистон дар фронт ва ақибгоҳ» бо теъдоди 300 нусха аз чоп баровард. Китоб аз 6 боб иборат буда, дар хусуси корномаҳои ҷанговарони тоҷик дар муҳорибаҳои шадиди зидди фашизми гитлерӣ дар ҳайати армияи амалкунанда ва ҳаракатҳои партизанӣ, саҳми ақибгоҳ дар таъмини ғалаба ва дар ин радиф корномаҳои меҳнатии коркунони корхонаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин асарҳои дар ин солҳо эҷодкардаи шоирону нависандагон, бастакорон, ходимони театру кинои тоҷик нақл мекунад. Муаллиф дар қисмати алоҳидаи китоб ҳолнома ва суратҳои Қаҳрамонони Иттифоқи Советиро аз Тоҷикистон ҷой додааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






