САБАБИ БОЗДОШТИ ҚАТОРАҲО ЧИСТ?
Қӯрғонтеппа, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).-Вагонҳои бору маҳсулоти соҳибкорони вилояти Хатлон, ки аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин ва дигар давлатҳо интиқол мешуданд, зиёда аз як моҳ мешавад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон банд мебошанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Саидҷон Ёдгорӣ муовини сардори Хадамоти боркашонии роҳи оҳани вилояти Хатлон хабар дод. Аз 16- уми март то ба имрӯз ягон қатораи боркаш аз хориҷи мамлакат вориди вилояти Хатлон нашудааст, ки ин боиси нигаронӣ ва расидани ҳисороти зиёде ба роҳи оҳан гардидааст, иброз дошт ӯ. Ба гуфти ӯ шумораи ин вагонҳо зиёда аз 950 адад буда, аз ин миқдор 181 вагон равғанҳои молиданӣ, 210 вагон сузишворӣ, зиёда аз 60 вагон орд, 15 вагон гандум, 44 вагон семент, 7 вагон таҷҳизотҳо барои НБО «Сангтуда-2» ва дигар молу маҳсулот мебошад, иброз намуд дар идомаи суханрониаш Саидҷон Ёдгорӣ. Сабаби боздошт шудани вагонҳои боркаш боридани боронҳои дуру дароз ва ҷорӣ гардидани сел дар қитъаи роҳҳои «Термиз Амзуан» баҳонаҷӯи мекарданд, ки дар он ҷо барқароркунии роҳ рафта истода бошад. Аммо дар Термиз боридани борон кам ба мушоҳида мерасад, сабаби боридани боронҳои дуру дароз ва ҷорӣ гардидани сел қитъаи роҳҳои мо як моҳ мешавад, ки дар имрӯзҳо баҳонаҷӯӣ мекунанд, ки нарасидани тепловозҳо рӯз то рӯз вагонҳо бисёр шуда истода, ба кашондани вагонҳо тепловозҳо намерасида бошад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






