САБАДИ ЛОИҲАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЧАНД АСТ?

Апрель 27, 2010 14:52

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ татбиқи 55 лоиҳаи сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, маблағи умумии онҳо 1 миллиарду 829 миллион доллари ИМА, ё зиёда аз 8 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора 27 апрел, зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов маълумот дод. Вай зикр намуд, ки сабади лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 16 соҳаи гуногуни иқтисодиётро дар бар гирифта, дар таркиби он маблағҳои қарзӣ — 75,3 фоиз, маблағҳои грантӣ — 14,2 фоиз, ҳиссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ — 7 фоиз ва ҳиссаи ҷамоаҳо – 3,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ азхудкунии маблағҳо 24,74 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф – 1,4 миллион, тандурустӣ — 0,9 миллион, кишоварзӣ — 0,92 миллион, ирригатсия ва хоҷагии об- 2,44 миллион, обтаъминкунӣ — 0,72 миллион, энергетика – 4,31 миллион, нақлиёт ва хоҷагии роҳ – 10,72 миллион, экология ва ҳолатҳои фавқулодда – 1,39 миллион, газтаъминкунӣ — 0,7 миллион, инфраструктураи маҳаллӣ — 0,16 миллион ва дигар соҳаҳо 0,83 миллион доллари ИМА азхуд карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаҳои созишномаҳои оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо бо давлатҳои Италия, Сербия, Уммон, Маҷористон, Австрия ва Афғонистон омода гардидаанд, ки айни ҳол дар сатҳи мувофиқа қарор доранд.

Апрель 27, 2010 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд