САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КӮЛОБ
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рўзи 19 апрели соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи шаҳрванд Ҷамшед Кароматови 23 сола, сокини шаҳри Кўлоб, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кўчаи Сомонӣ дар назди терминали шаҳри Кўлоб қоидаи ҳаракати роҳҳро риоя накарда пиёдагардон Абдуғаффор Қодирови 58 сола ва милисаи қатори шўъбаи хадамоти посбонии шаҳри Кўлоб Абдукарим Саидаҳмадови 22 соларо зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа А. Қодиров дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






