САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА БРУНЕЙ ДОРУССАЛОМ

Апрель 5, 2010 09:38

3 апрели соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари давлатӣ аз Сингапур ба Бруней Доруссалом рафт. Хотиррасон бояд кард, ки сафари Сарвари давлати Тоҷикистон ҳам ба Сингапур ва  ҳам ба Бруней Доруссалом бори нахуст сурат мегирад. Худи ҳамин рўз барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо маросими бошукўҳи истиқбол аз ҷониби Султони Бруней-Доруссалом  Ҳассанал Болкиаҳ ва мулоқоти дуҷонибаи сатҳи олӣ оѓоз ёфт. Дар мулоқоти сарони ду давлат, ки нахуст дар ҳайати хосса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифт, масоили ба роҳ мондани ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд баррасӣ гардид. Бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот, иштироки сармоягузорони Бруней Доруссалом дар истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла металҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва дигар маъданҳо матлуб дониста шуд. Султони Бруней-Доруссалом  ҳассанал Болкиаҳ ҳузури ҳайати калони соҳибкорони Тоҷикистонро дар ин сафар фоли нек аз оѓози ҳамкории густурда арзёбӣ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Султони Бруней-Доруссалом  Ҳассанал Болкиаҳро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Аз рўйи натиҷаҳои музокирот расмӣ 4 санади заминагузори ҳамкории гуногунҷанба ба имзо расид:  Созишнома миёни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз фоида ва сармоя; Тафоҳумномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, маориф, фарҳанг, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней Доруссалом; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней Доруссалом дар бораи сафарҳои бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ; Протокол миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Бруней Доруссалом дар бораи машваратҳои дуҷониба                            

Апрель 5, 2010 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст