САФАРИ ТОЛИБИЛМОНИ ВМКБ БА ЛАҲИСТОН
ВМКБ, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- 20 апрели соли ҷорӣ 11 нафар толибилмони мактаби ВМКБ ба кишвари Лаҳистон сафар карданд. Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, ин сафар аз доираи ҳамкории Лаҳистон ва ВМКБ дар пиёда намудани фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ маншаъ гирифт. Толибилмони мактабҳои Бадахшон то 30 апрел бо таълиму ҳаёти ҳамсолони хеш дар макотиби кишвари Лаҳистон ошно мешаванд. Баробари ин вақтҳои наздик бо маблағи ин кишвар лабораторияҳои кулли макотиби вилоят бо таҷҳизоти ҷадиди таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Густариши ин ҳамкорӣ бо заҳматҳои мудири маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев рӯи кор омад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






