САНГТӮДА – 1 ПАРДОХТИ АНДОЗРО КАШОЛ МЕДИҲАД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев, нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда – 1 аз ҳисоби андози ноҳия 43 млн. сомонӣ қарздор аст. Баъди баҳси судӣ мутахассисони ширкати НБО Сангтда – 1 ӯҳдадор шудаанд, ки қарзро давра ба давра бар мегардонанд. Аз рӯи маълумоти нозироти андози ноҳияи Данғара Сангтӯда – 1 ҳар мох бештар аз 11 млн. сомонӣ ба ҶТ барқ мефурӯшад ва тибқи қонунгузории ҶТ онро зарур аст, ки аз маблағи фурӯш андозашро ба мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара пардохт намояд. Моҳи марти соли ҷорӣ тибқи қарордод мебоист 3 млн. сомонӣ ба буҷаи ноҳия мегузаронд, вале ҳамагӣ 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ гузаронида шартномаро иҷро накард. Ба гуфти ҷонишини сардори нозироти андози ноҳияи Данғара Кишвар Раҷабов, масъалаи пардохти қарз дар сатҳи Ҳукумати ҶТ ва фР баррасӣ ва ҳал гардидааст, ки онро роҳбаряти Сангтӯда – 1 ҳатман бояд иҷро намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






