ШАҲРИТУС БА ЧӢ НОИЛ ШУД?

Апрель 20, 2010 10:40

Хатлон 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).-Анвар Холматов, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Шаҳритус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод, ки дар давоми се моҳи   соли 2010 зиёда аз   300 адад хоҷагиҳои деҳқонии нав ташкил карда шуд ва ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ  шумораи  истифодабарандагони замин   қариб ба 2 ҳазор  расидааст. Албата ислоҳоти  замин барои пайдо  кардани  соҳиби аслии он мусоидат мекунад, лекин ба қайдгирии онҳо, супоридани ҳисоботҳои оморӣ, пардохти андозҳо ва дигар намудҳои маблағворидкунӣ ба буҷети  ноҳия, назорати  заминистифодабарӣ  айни замон душвориҳо  оварда  истода, имсол меҳнаткашони ноҳия дар майдони 5300 гектар бояд  пунбадона  кишт намоянд ва  кор дар ин самт аллакай оғоз  ёфтааст. Инчунин дар ноҳия дар майдони 2 ҳазору 27 гектар гандум, 64 гектар ҷав, 7 гектар ҷуворимакка барои дон, 20 гектар картошка, 220 гектар сабзавот, 183 гектар полезиҳо, 39 гектар хӯроки чорво кишт карда шуда, ҳаҷми маҳсулоти соҳаи  кишоварзӣ  ба  6 миллиону 380 ҳазор сомонӣ  рост меояд, ки  нисбати  ҳамин  давраи  соли гузашта  394 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва дар маҷмӯъ  173 тонна гӯшт, 1 ҳазору 486 тонна шир, 696 ҳазор дона тухм, 22,3 тонна пашм, 10 тонна сабзавот  истеҳсол   шуд. Бо мақсади иҷрои «Барномаи барқароркунӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010» 250 гектар боғҳои нав бунёд карда шуда, 200 гектари онро дарахтони меваҳои донакдор ва 50 гектари дигар меваҳои мағздор ташкил медиҳад.        

Апрель 20, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд