«ШИФОБАХШ» БАРОИ ҚАБУЛИ НАВРАСОН ОМОДА АСТ

Апрель 28, 2010 11:59

Қӯрғонтеппа, 28  апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Имсол 214 ҳазору 250 сомонӣ маблағ барои истироҳати тобистонаи фарзандони кормандони муассисаҳои давлатии вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавлудахон Ашӯрова, муовини сардори шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон иттилоъ дод. Ашӯрова М.  иброз дошт,ки нисбат ба соли гузашта маблағи ҷудошуда 113 ҳазор сомонӣ зиёдтар мебошад. «Айни замон мо аз истироҳатгоҳи «Шифобахш»- и ноҳияи Вахш боздид намудем, ки он аллакай барои қабули наврасон омода мебошад», — гуфт номбурда. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки феълан омодагии дигар истироҳатгоҳҳо ба қабули кӯдакон низ мавриди санҷиш қарор гирифтаанд.

Апрель 28, 2010 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!