ШИРКАТИ СУҒУРТА НАҚШАҲОИ ХУДРО БА АНҶОМ РАСОНИД
Кӯлоб, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ширкати суғуртаи давлатии минтавқаи Кӯлоб дар давоми се моҳи соли ҷори иҷроиши нақшаҳои вордшавии пардохтҳои суғуртавиро аз рӯи ҳамаи намудҳо ба 746 993 расонид,ки ин нишондод 134,5 %- ро дар бар мегирад гуфт зимни нишасти матбуоти ҷонишини директори ширкат Абдуғаффор Давлатов. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ин самт оиди воридшавии пардохтҳои суғуртавии суғуртаи ихтиёрию ҳаёти дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Шӯрообод, Кӯлоб, Темурмалик, Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор Ховалинг хуб ба роҳ монда шуда нақшаҳои муайян гардидаро аз 100 то 210 %- зи расонидаанд. Давлатов зикр кард, ки дар давоми се моҳи соли ҷори ба 393 ашхоси молу анволашон нобуд ё вайронгардида инчунин ба шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осеб расида 256236 сомони ҳақгузори карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 141436 сомони зиёд мебошад. Дар ин муддат ба буҷети давлат оиди намудҳои гуногуни андоз 52880 сомони маблағ гузаронида шуд, ки 31266 сомониаш пардохтҳои суғуртаи иҷтимои мебошанд. Мавриди зикр аст,ки ба мақсади ҳисагузори дар ҳуҷҷати стратегияи паст намудани сатҳи камбизоати аз ҳисоби Ширкат ва шуъбаи давлатии суғуртаи ноҳияи Фархор ба ашхосони барҷомонда ва ба мактаб- интернати Аралии н. Восеъ дар ин муддат ба андозаи 2500 сомони кумаки молияви расонида шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






