СОДИРОТИ 45 ТОННА ЧОРМАҒЗ БА ХОРИҶИ КИШВАР

Апрель 23, 2010 13:50

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар, Покиза Маҳмадбекова). – «Дар давоми семоҳаи якуми соли 2010 ташкилоту корхонаҳо ва хоҷагиҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» зиёда аз 3,7 миллион сомонӣ фоида ба даст оварданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 977 ҳазор сомонӣ зиёд аст»-гуфт зимни нишасти матбуотӣ 23 апрел, раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки ҳаҷми муомилоти чаканаи мол ба 28,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла моумилоти моли муассисаҳои хӯроки умумӣ ба 6,1 миллион сомонӣ расид,  ки нисбати семоҳаи аввали соли 2009-ум 1,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз беруни марзи ҷумҳурӣ ба маблағи 355 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот ворид карда шуд. Ба хориҷи кишвар бошад, дар ин давра 721 тонна сабзавот, 85 тонна меваи хушк, 241 тонна лӯбиёгӣ ва 45 тонна чормағз содир гардид. Ба воситаи ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 72,6 тонна маҳсулот ба сокинони пойтахт ба фурӯш бароварда шуда, ба аҳолии ҷумҳурӣ 4849,6 тонна ангиштсанг пешкаш гардид.

Апрель 23, 2010 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад