«СОМОН ЭЙР» БО ШИРКАТҲОИ ҲАВОИИ ҚАЗОҚИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН 
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» ба низоми ҳисобу китоби ширкатҳои ҳавонавардии Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамроҳ шуд. Ин имкон медиҳад, ки шабакаи роҳҳои ҳавоӣ васеъ карда, роҳҳои нави ҳавоӣ кушода, теъдоди зиёди молу мусофирон кашонда, роҳу усулҳои нави фурӯши чиптаҳо истифода бурда, инчунин дар ин мамлакатҳо намояндагиҳои ширкат кушода шаванд. Низоми муттаҳидаи ҳисобу китоб бо мақсади осонтар сохтани ҷараёни ба расмият даровардани чиптаҳои ҳавопаймоҳо, тайёр намудани ҳисобот дар бораи фурӯши онҳо, сари вақт баробар кардани ҳисобу китоб дар байни ширкатҳои ҳавоӣ барои хизматҳои расонидашуда таъсис дода шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






