СОЗМОНИ&#1202ОИ БАЙНАЛХАЛ&#1178&#1250 МУШКИЛОТИ МУНОСИБАТ&#1202ОИ &#1206Т &#1262ЗБЕКИСТОНРО БАРТАРА

Апрель 13, 2010 15:45

           Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Намояндаи  доимии  Бонки  рушди Осиё  дар  Тоҷикистон Макото Оҷиро  имрӯз  зимни  нишасти  матбуотӣ ба  хабарнигорон  гуфт, ки   созмонҳои  байналмилалӣ  айни  ҳол  барои  ҳалли  проблемаи   боздошти  вагонҳои  Тоҷикистон  дар  қаламрави  Ӯзбекистон тадбирҳо меандешанд. Умед  аст, ки  ин  проблема  рӯзҳои  наздик  ҳал  карда  хоҳад  шуд.             М.Оҷиро  зикр  намуд, ки   бар  асари  боздошти  транзити  молҳои   Тоҷикистон  дар  ин  мамлакат  нархи   маводи  сӯхт боло  рафта  метавонад.  Қайд  карда  шуд, ки   намояндагони  созмонҳои  байналмилалӣ  аз мавқеи  Ҳукумати  Тоҷикистон  дар  ин  масъала  ба  хубӣ  огоҳанд ва  барои   водор  намудани  мақомоти  Ӯзбекистон  дар  масъалаи  фиристодани  мол  ба  Тоҷикистон тадбирҳо  андешида  мешаванд.               Бояд  гуфт, ки  Бонки  рушди  Осиё  бо  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  дар  се  самт – энергетика, тиҷорат  ва  нақлиёт  ҳамкорӣ  мекунад.               Ёдовар  мешавем, ки  Ӯзбекистон  бо  баҳонаҳои гуногун   вагонҳои  пурбори  Тоҷикистонро  дар  қаламрави  худ   нигоҳ  медорад. Мақомоти  расмии  Ӯзбекистон  даъво  доранд, ки  сабаби  боздошти вагонҳои Тоҷикистон  носозии  роҳи  оҳан  ва   зиёд  гардидани  ҳаҷми  интиқоли  мол ба  Афғонистон  мебошад. Вале  ин  даъво  асоси  воқеӣ  надорад. Айни  ҳол  дар  истгоҳҳои роҳҳои оҳани  Ӯзбекистон  зиёда  аз  2000 вагони  пурбори  Тоҷикистон  нигоҳ  дошта шудааст.  

Апрель 13, 2010 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!