СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҲИФЗИ СИҲАТИИ АҲОЛИИ ҶТ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кушоди Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ оид ба «Стратегияи миллии ҳифзи сиҳатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар кори он намояндагони Вазорати тандурустӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносони ташкилотҳои Шарикон оид ба Рушд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, коршиносону мутахассисони варзидаи ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи мазкур вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов баромад намуда қайд намуд, ки барои таҳияи чунин як ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ва соҳавӣ аз тарафи коршиносон ва мутахассисон заҳмату кӯшиши зиёде ба харҷ дода шудааст, ки имрӯз намунаи нахустини он ба муҳокима гузошта мешавад. Сипас, иштирокчиён дар бораи намунаи нахустини лоиҳаи муҳокимашавандаи «Стратегияи миллии ҳифзи сиҳатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» оид ба таҳияи «Стратегияи комплекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» суханронӣ карда, моҳияти ин ҳуҷҷатро баён намуданд. Дар доираи таҳияи ҳуҷҷати мазкур, — қайд карда шуд, ки аз ҷониби Гурӯҳи корӣ таҳлилҳои мунтазам ва воқеӣ, сафарҳои саҳроии сайёр, семинар-ҷаласаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд ва аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ ҳисоботҳо омода гаштанд ва лоиҳаи афзалиятҳо тартиб дода шудаанд. Умед дорем, ки стратегияи муҳокимашаванда барои дигаргуниҳо дар соҳаи тандурустӣ ҷиҳати ҳамкории байнисоҳавӣ, байналмилалӣ ва ҷалб намудани ҷомеа дар беҳдошти саломатӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳадафи стратегияи мазкур ин ноил гаштан ба сиҳатии ҳамаи шаҳрвандон, оилаҳо ва кулли ҷомеа тавассути рушди системаи дастрас, сифатнок, самаранок, аз ҷиҳати технология пешрафта, таблиғкунандаи рафтори солим бо назардошти эҳтироми арзишҳои инсонӣ, муносибати некхоҳона ба мизоҷон, масъулияти инфиродӣ ва иштироки аҳолӣ дар маъракаҳои оид ба ҳифзи сиҳатӣ мебошад, зикр намуданд дар охир иштирокчиёни ҷаласа.