СУДУ МУШКИЛОТИ КОРТИ ПЛАСТИКӢ

Апрель 28, 2010 10:53

 Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Ба гуфти масъулини Бонки Давлатии  «Амонатбонк» 700 нафар нафақагирон бо корти пластикӣ таъмин  гардиданд. «Амонатбонк» минбаъд ҳам пардохти нафақаро тавассути кортҳои пластикӣ ба роҳ мемонад. Оид ба манфиату мушкилоти он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд нафар нафақагирони шаҳри Душанбе  сӯҳбатеро анҷом дод, ки на ҳамаи нафақагирон аз суду зиёни он иттилооти хуб  доранд. Яке аз он норозӣ аст, ки аз кортҳои пластикӣ на дар ҳама ҷои   барои  нафақагирон  мувофиқ истифода карда метавонанд. Дар сурати гум кардани корт он  боз даву ғечи зиёдатиро пеш меорад.            Дигар ин ки на ҳамаи нафақагирон аз он бо сабаби  камсаводиашон истифода када метавонанд ва дар ҳолати аз  кӯмаки «дигар» шахс истифода кардани он махфияташро аз даст медиҳад.     Умуман нофаҳмиҳои нафақагирон аз надоштани донишу фахмиши техникаи истифодаи кортҳои пластикист. Ба гуфти корманди  хадамоти матбуот ва рекламаи «Амонатбонк» Одинашо Муродов, ҳоло ин кор ба таври таҷриба гузаронида шуд ва дар охир ҳамаи идораю муассисаҳо ба ҳамин шакли хизматрасонӣ мегузаранд, ки он дар пардохти   маблағҳои шаҳрвандон аз ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ беҳтар хоҳад буд. Маблағи дар корти пластикӣ доштаро дар ҳамаи давлатҳои хориҷ бо асъори он иваз кардан мумкин аст.         

Апрель 28, 2010 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!