ТӮҲФА БА ТУННЕЛСОЗОН

Апрель 1, 2010 09:02

Хуҷанд,  1  апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Хуҷанд  ба   бинокорони  туннели  Шаҳристон  ба  маблағи  қариб  10  ҳазор  сомонӣ  навъҳои гуногуни  озуқа  тӯҳфа  намуд.  Тӯҳфаро  ба  туннелсозон  мудири  шӯъбаи  энергетика  ва  саноати  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳр   Раҳимҷон  Солиев   супорид. Менеҷери  раёсати   сохтмони  туннели  Шаҳристон Мирзоалӣ  Мансуров  зимни  сӯҳбат бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки барои  туннелсозон  тамоми   шароити  кор  муҳайё  карда шудааст.  Коргарон  бо   хӯроки гарм ва  масолеҳи  сохтмон  пурра таъмин  буда,   музди  кор  ва  маошашонро  сари  вақт  мегиранд. Аз  шӯъбаи  нақлиёт ва  алоқаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Суғд  хабар  доданд, ки  бо  супориши  раиси  вилоят  Қоҳир  Расулзода  роҳбарони   шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  ба  туннелсозон  мунтазам  кӯмак  мерасонанд. Сохтмони  туннели  Шаҳристон  22  августи  соли  2006  шурӯъ  шуда буд. Хароҷоти  сохтмони он  қариб  300 миллион  доллари  ИМА – ро ташкил  медиҳад. Дарозии  туннел  5240  метр  мебошад. Туннелро  ширкати  сохтмонии Чайна — Роуди  Ҷумҳурии  Мардумии Чин  месозад. Имрӯз  дар  ин  ҷо 320  коргару  мутахассиси  тоҷику  чинӣ   кор  мекунанд. То  имрӯз   аз  ҳар  ду  тарафи туннел  ба  дарозии  3600  метр   нақб  канда шудааст. Дарозии  туннели  ҳавокашӣ 3900  метрро  ташкил  медиҳад. Сохтмони  туннел  тибқи  нақша  охири  соли  2010  ба  охир  мерасад. Мутахассисони  ширкати  сохтмонии Чайна – Роуд  инчунин  дар  роҳи  мошингарди Душанбе – Данғара   низ туннел  месозанд.

Апрель 1, 2010 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд