ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Апрель 16, 2010 14:37

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Шарифова ва Темур Табаров муовинони нави вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъйин шуданд. Л. Шарифова қаблан вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Инчунин, бо қарорҳои дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ Нурулло Маҳмадуллоев директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва Наврӯз Самадов сардори Хадамоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъйин гардиданд. То ин дам,   Нурулло Маҳмадуллоев ба ҳайси сардори Хадамоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Наврӯз Самадов муовини мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекарданд.   

Апрель 16, 2010 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд