ТАДҚИҚОТИ ПУРАРЗИШ

Апрель 2, 2010 15:37

ВМБК, 2 апрели. (НИАТ «Ховар», Лутфишо Додо). — То Истиклолият дар ҷумҳурӣ олимони соҳаи забону адабиёт ва тaърих бо теъдоди муайан буданд, аммо дар соҳаи техникӣ бидуни 2-3 тан, ки рисолаи номзадиро ҳимоя кардаанд нафаре дигар буд. Истиқлолият имконият дод, ки дар соҳаи техника низ ҷавонони  тоҷик тадқиқотҳои арзандаро рӯи кор оранд. Ба наздикӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Сохтмони шаҳри Москва дар ҳузури олимони шинохта ноиб – ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Имомёрбек Қаландаров дар мавзӯи инкишофи усули гирдоварии деформатсияҳо оиди татбиқ намудани ҳисоби конструкцияҳо ва ба ҳисобгирии ёзандагии пайвастшавӣ рисолаи доктори илмҳои текникиро ҳимоя намуд. Тавре Имомёрбеков Қаландарбеков иттиолъ дод, ин мавзуъ нав буда, имконият медиҳад, ки иншоотҳои баландошёна аз таъсироти заминларза ва неруҳои дигари беруна то қадре эмин ёбанд. Имрӯзҳо натиҷаи тадқиқоти илмӣ дар Пажуҳишгоҳи сохтмонӣ ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятӣ саҳҳомии шакли кушодаи «Гипропром», Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ сохтмонӣ ва меъморӣ ҷумҳурӣ, масоили назариявӣ ва амалии ин рисола дар ҷараёни таълимӣ дар Донишгоҳи техникии ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи давлатии ба номи академик Моёншоҳ Назаршоеви шаҳри Хоруғ истифода бурда мешавад.

Апрель 2, 2010 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад