ТАЙЁРӢ БА КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛии БАХШИДА БА ПРОБЛЕМАҲОИ ОБ

Апрель 6, 2010 15:32

Душанбе,  6 апрел. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Аз  8 то  10  июни  соли равон   дар  Душанбе бо  иштироки  роҳбарону  намояндагони  баландпояи   мамлакатҳои  ҷаҳон  ва  созмонҳои байналхалқӣ   конфронси  байналмилалӣ  баргузор  мегардад. Дар  он  ҷараёни  амалӣ  сохтани  нақшаҳои  Даҳсолаи  байналхалқии  амалиёти «Об барои  ҳаёт»  таҳлил  ва  ҷамъбаст  карда  хоҳад шуд. Барои  амалӣ  сохтани тадбирҳои  омодагӣ ба  конфронси  мазкур  ва муташаккилона  гузаронидани он   таҳти роҳбарии  Сарвазири  мамлакат  Оқил  Оқилов  кумитаи  тадорукот ва  таҳти роҳбарии  муовини  Вазири корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ  Маҳмудҷон  Собиров   гурӯҳи  корӣ  ташкил  карда шудаанд. М.Собиров   зимни  сӯҳбат бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  изҳор  намуд, ки  дар  конфронс  намояндагони  192 давлати  аъзои  СММ,  зиёда  аз 60  созмони  байналхалқию  минтақавӣ,  созмонҳои  молиявӣ,  ғайридавлатӣ,  ғайритиҷоратӣ,  илмӣ,  аз  ҷумла  СММ, САҲА, СҲШ, Созмони   конфронси  исломӣ, Созмони  ҳамкории  иқтисодӣ,  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия,  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ ва  ғайра  иштирок  хоҳанд  кард.  Умуман  дар  ин  ҷамъомади  калон  қариб  500  меҳмони  хориҷӣ  ширкат  меварзад. Тибқи  нақша  дар  маросими  ифтитоҳи  конфронс   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  иштирок  ва  сухан  хоҳад  кард.   Созмони  Милали  Муттаҳид ба  Тоҷикистон  дар  тайёр  кардану  гузаронидани  конфронс  кӯмак  мерасонад. Аз  ҷумла,  коршиноси  раёсати   масъалаҳои  иҷтимоию  иқтисодии  СММ  Виктор  Бадакёр  моҳи  март  барои таҳияи  рӯзномаи  конфронс  ба  Тоҷикистон  омада  буд. Кормандони  шӯъбаҳои  алоҳидаи  СММ  Ризо Ардакониён  ва   Жозефина  Маэсту   бо  мақсади  ҳамоҳанг  сохтани тадбирҳои  тайёрӣ ба  конфронс  6  апрел  ба  Душанбе  меоянд. М.Собиров  баъдан  дар  бораи  ташаббусҳои  Тоҷикистон  барои  ҳалли  проблемаҳои   истифодаи оқилонаю  самарабахши об,  ташаббусҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон    дар  масъалаи  об,   суханрониҳои  ӯ дар  ҷамъомадҳои  бонуфузи  СММ,  Даҳсолаи  байналхалқии  амалиёти  «Об  барои  ҳаёт» эълон  шудани  солҳои 2005 – 2015  ва  ғайра  сухан  ронда,  зикр  намуд, ки  дар   конфронси  байналмилалии  моҳи  июн  баргузоршаванда  ҷараёни  иҷрои  тадбирҳои  Даҳсолаи байналхалқии  амалиёти  «Об  барои  ҳаёт»  ҳамаҷониба таҳлил  карда,  рафти  иҷрои  вазифаҳои   дар  масъалаи об бамиёнгузошташуда  санҷида,  тадбирҳои нави иҷрои    нақшаҳои марбут ба  ҳадафҳои рушди  ҳазорсола  муҳокима  карда  мешаванд. Конфронси  байналмилалӣ  имкон  медиҳад, ки  тадбирҳои нави   идораи  захираҳои об  муқаррар намуда,  роҳу  усулҳои  самарабахши   истифодаи об  дар   соҳаҳои  саноат ва кишоварзӣ  муқаррар  карда,   оқибати  ногувори тағйир  ёфтани  иқлим  бартараф  намуда,  баъзе  проблемаҳои  гидроэнергетикӣ ҳал  карда,  захираҳои  мавҷудаи  молиявӣ  барои  ҳалли  проблемаҳои об сафарбар  намуда, дар  ин  масъалаҳо  қарорҳои  муштарак   қабул  карда шаванд. Қайд  карда шуд, ки  дар  фарҷоми  конфронс  Эъломияи  вазирон қабул  карда  хоҳад шуд.Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамчун  мамлакати  мизбон  эъломияи  мазкурро  ба  Маҷмаи  кулли  СММ  пешниҳод  хоҳад  кард. Конфронси  мазкурро Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  месозад. Ба он  Муассисаи  рушди  СММ,  САҲА,  ЮНЕСКО, Раёсати масъалаҳои   иҷтимоию  иқтисодии  СММ  ва  созмонҳои  дигари байналхалқӣ  кӯмаки  молиявӣ  мерасонанд,  гуфт  дар хотима  М.Собиров.

Апрель 6, 2010 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!