ТАЙЁРӢ БА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЭКСПО – 2010»
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). – Комиссияи ҳукуматии ҷумҳурӣ ба ҷараёни тайёрии мамлакат ба намоишгоҳи байналмилалии «Экспо – 2010» баҳои баланд дод, ки аз 1 май то 31 октябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад. Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати мамлакат Одил Сангов 13 апрел дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ба намоишгоҳи мазкур экспонатҳои ҷолиби диққат, макетҳо, асарҳои рассомон, филмҳои кӯтоҳметраж, ва ғайра тайёр карда шудаанд. Онҳо дар бораи ҳаёти имрӯзаи мамлакат, таърихи қадимаи Тоҷикистон, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, саноат, рушди соҳаи туризм, фарҳангу ҳунар, маориф ва тандурустӣ нақл мекунанд. Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо» як навъ маркази иваз кардани таҷриба барои мамлакатҳои ҷаҳон мебошад. О. Сангов дар ҷавоби саволҳои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ дар бораи рафти тайёрӣ ба намоишгоҳ маълумот дод.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






