ТАЪМИНИ АФЗОИШИ МАҲСУЛОТ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи тақсимоти минтақавӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2010 ҳамаи корхонаҳои саноатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин карданд,- иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 498,8 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба миқдори 44,2 фоиз зиёд аст. Дар ин давра, дар корхонаҳои коркарди пахта ба миқдори 117 ,3 млн. сомонӣ ва дар корхонаҳое, ки дар ҳайати вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дохил намешаванд 719,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Боиси тазаккур аст, ки аз 819 корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамагӣ 387 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47, 3 фоиз бештар маҳсулот истеҳсол карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






