ТАЪРИХИ ҚАҲРАМОНИҲОИ ТОҶИКОН

Апрель 26, 2010 15:34

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба муносибати 65-солагии ғалабаи собиқ халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги Бузурги Ватанӣ китоби профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Ҳотамов Намоз бо номи «Тоҷикистон дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ(солҳои 1941-1950)» аз чоп баромад. Дар китоб оғози ҷанги дувуми ҷаҳон, ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба талаботи замони ҷанг мутобиқ кунонидани иқтисодиёти Тоҷикистон, қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик дар фронтҳои ҷангӣ, қаҳрамониҳои меҳнатӣ дар ақибгоҳ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ дар шароити Тоҷикистон ба тарзи мухтасар дарҷ гардидааст. Дар охири китоб акси қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла фиристодагони Тоҷикистон ва дорандагони ҳар се дараҷаи Ордени Шараф ҷой дода шудаанд. Китоб барои талабагон, донишҷўён, омўзгорон ва доираи васеи мухлисони фанни таърихи халқи тоҷик пешбинӣ шудааст.

Апрель 26, 2010 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд