ТАЪСИСИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛМАЛИИ ТУРИЗМ ДАР ДУШАНБЕ

Апрель 13, 2010 14:35

Душанбе, 13 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии  Эрон Созишномаи ҳамкорӣ дар масъалаи рушди туризм ба имзо расид. Созишномаро аз ҷониби  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон муовини раиси Созмони гардишгарии ин кишвар Саидризо Мусавӣ ба имзо расониданд. Дар асоси ин Созишнома ҷонибҳо масъалаҳои табодули донишҷӯ ва устодро дар соҳаи туризм бо таъсиси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ дар Душанбе ва ташкили Кумитаи техникии муштарак дар ҷодаи эҳёи Шоҳроҳи бузурги абрешим ба роҳ мемонанд. Аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  имзои Созишномаи мазкур ба тавсеаи ҳамкориҳои  ду кишвар дар бахши туризм мусоидат менамояд.

Апрель 13, 2010 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!