ТАВАҶҶӮҲИ АФРИКА БА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Апрель 15, 2010 08:52

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Намояндагони Палатаи савдо ва саноати музофоти давлати Нигерияи Африка бо сардории директори палатаи мазкур бо кори чанд вазорату идораҳо ва иқтисодиёти Тоҷикистон ошноӣ пайдо карданд. Мақсади сафари ин меҳмонони африкоиро раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид шарҳ дода гуфт, ки меҳмонон бо вуҷуди  муаррифӣ кардани як музофоти давлати пешрафтаи Нигерия  имкони шахсан маблағгузориро ба давлатҳои дар ҳоли рушд доранд. Аз ин рӯ,   диққати меҳмонони нигериягиро соҳаи гидроэнергетика ва   туризми Тоҷикистон ба худ ҷалб кардааст. Ба гуфти Шариф Саид, намояндагони давлати Нигерия бо идораҳои марбутаи Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика, туризм созишномаҳо ба имзо расонида, барои сохтани як корхонаи замонавии сементбарорӣ маблағгузорӣ карданианд.  

Апрель 15, 2010 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад