ТАВАССУТИ СУД БА МАКТАБ Ё БА РУСИЯ
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хабарнигорони васоити ахбори омма дар нишастҳои матбуотии вазоратҳои маориф, нақлиёт ва коммуникатсия, Прокуратураи генералию Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия завқи бештари иштирок намуданро доранд, чаро? Барои ҷавоб Вазорати маориф интихоб шуд, ки нишасти матбуотӣ он ҷо хеле «гарм» мегузарад. Баҳс аз сару либоси ҳонандаю донишҷӯ, телефонии мобилию мошинсаворӣ, ба мактабҳо фаро нагирифтани хонандаю баъди хатми донишгоҳ ба ҷойи кори таъин- шуда нарафтани хатмкардагони Донишгоҳи омӯзгорӣ, судбозӣ кардани вазорати мазкуру хатмкардаи ин донишгоҳҳо, байни худ муноқиша кардани хонандагони мактабҳои пойтахт ва боз даҳҳо масъалаҳои баҳсӣ ба миён кашида мешаванд. Ба гуфти вазир, 326 хатмкардаи донишгоҳи омӯзгорӣ ва дигар муассисаҳои олии кишвар бо сабаби аз рӯи тавсия ба кор нарафтанашон ба суд дода шуданд. Донишҷӯёни ДДОТ, ки баъди хатм бо ихтисоси худ ба кор намераванд, барои аз ҷавобгарӣ озод шудан ба Донишгоҳ 2793 сомонӣ маблағ пардохт карданашон аз мавзӯъҳои баҳсии имрӯзу фардои ин вазорат боқӣ мемонанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






