ТОҶИКИСТОН БА НИЗОМИ НАВИ ТАҲСИЛОТИ 12 –СОЛА МЕГУЗАРАД

Апрель 28, 2010 15:07

Душанбе, 28 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2016 давра ба давра ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола мегузарад», гуфт зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Вазири маорифи  ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов. Қонуни мазкур 28 апрел дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Мақсад  аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур замина фароҳам овардан ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ мебошад, афзуд вазири маориф. Ба андешаи А. Раҳмонов низоми таҳсилоти 12 –сола дар кишварҳои Амрико, Канада, Ҷопон, Фаронса, Испания, Лаҳистон ҷорӣ шуда, дар Олмон, Чехия, Шветсия, Италия ва Ҳоланд низоми таҳсилоти 13  ва 14-сола амал менамояд. Аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар кишварҳои назди Балтика, Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон таҳсилоти  12-сола пурра ба роҳ монда шудааст. Дар Қазоқистон ва Қирғизистон бошад ҳуҷҷатҳои гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Лоиҳаи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазоарти маорифи ҷумҳурӣ  таҳия шудааст. Дар он заминаҳои гузаштан ба таҳсилоти 12 –сола, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки сарони  давлатҳо дар ҷаласаҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия  баррасӣ гардидаанд, ба инобат гирифта шудааст. Вазири маориф гуфт, ки барои гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумии 12- сола  тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд: Гузаштан ба таҳсилоти умумии асосии 10-сола, яъне хониши солҳои 2011-2012, қабул ба синфи 1 аз синни 6 солагӣ соли таҳсили 2014-2015 , гузаштан ба таҳсилоти миёнаи 12- сола солҳои 2016-2017, ба роҳ мондани таълими равиявӣ ва касбӣ. Дар ин замина таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ карда мешавад. Минбаъд истифода  кардани литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун захираи равиявӣ  ва касбӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешаванд. Тибқи меъёрҳои муайяншуда сохтори  таҳсилоти 12-сола се зинаро дар бар мегирад: 1) Зинаи таҳсилоти ибтидоии  умумӣ-синфҳои 1 то 5 давомнокии таҳсил 5 сол, 2) Зинаи таҳсили умумии асосӣ синфҳои 6 то 10 давомнокии таҳсил 5 сол, зинаи сеюм зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфҳои 11 ва 12 давомнокии таҳсил 2 сол. Дар Консепсияи низоми нави таҳсил марҳиллаҳои гузариш муайян гардидааст. Тибқи ҳисоботҳои пешакӣ шумораи иловагии хонандагони синфи 10, ки қисми бештарашон дар омӯзишгоҳҳои касби техникӣ, омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ ва  тиббӣ таҳсилро идома медиҳанд,  62 ҳазорру 276 нафарро ташкил медиҳанд. Дар давраи солҳои 2014-2015 кӯдакони 6 ва 7 сола ҷалб карда мешаванд, ки шумораи онҳо 190 000 –ро ташкил менамояд. Гузаштан ба низоми нави таҳсил дар ҷомеа афзалияти бештар дорад, хусусан дар мавриди аз байн бурдани проблемаҳои вобаста ба соҳаи маориф, афзуд, А. Раҳмонов. Барои гузаштан ба низоми нав то солҳои 2016- ва 2017 –ум 356 миллиону 273 ҳазор маблағ зарур аст. Гузариш ба низоми нав имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ба низоми  муосири ҷаҳонии таҳсилот наздик шавад. Инчунин, низоми гузариш ба таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола барои рушди соҳаи маориф, маълумотнокии ҷомеа ва амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола заминаи мусоид фароҳам меорад.

Апрель 28, 2010 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид