ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ОБ ДАР САТҲИ ГЛОБАЛӢ
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 8-10 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 баргузор хоҳад гардид. Дар кори конфронс намояндагони 192 кишварҳои узви СММ, зиёда аз 60 ташкилоти байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои молиявӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ ширкат хоҳанд варзид. Сарони як қатор созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, СҲШ, СҲИ, СКИ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ҳамчунин, ташкилотҳои байналҳалқии илмӣ ва молиявӣ дар кори конфронс ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, ки дар маҷмуъ 500 нафар меҳмонони хориҷӣ дар Конференция ширкат меварзанд. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии конфронс дар назар аст. Корҳои фаъоли тайёрӣ ба конфронси байналхалқӣ идома доранд, барои маълумоти муфассал дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори Гурӯҳи корӣ оид ба тайёрӣ ва баргузории Конфронс, муовини Вазири корҳои хориҷӣ М. Собиров мусоҳиба кард. — Маҳмудҷон Носирович, пеш аз ҳама лутфан бигӯед, ки мавқеи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналхалқӣ чи гуна аст? Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои обӣ дар сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд. Чӣ тавре ки маълум аст, Тоҷикистон дорои захираҳои бои обӣ мебошад. Захираҳои оби тозае, ки дар пиряхҳо ва кӯлҳои кишвар маҳфузанд, ба зиёда аз 800 миллиард километри кубӣ мерасанд. Тақрибан 64 миллиард метри кубӣ оби дарёҳои минтақа, ки 56 % захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Аз обҳои дарёҳои кишвар танҳо 15% дар дохили кишвар ва боқимонда пурра аз ҷониби кишварҳои поёноб ва асосан барои обёрии заминҳо истофода карда мешавад. Ҳамзамон, зиёда аз 40% аҳолии кишвар аз дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ маҳрум аст ва дар ноҳияҳои дурдасти хоҷагии қишлоқ таъмини оби нӯшокӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Айни замон ба мақсади беҳтар намудани таъмини оби нушокӣ ба аҳолӣ бо дастгирии ҷонибҳои мададрасон як қатор лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор доранд. Ин ҳадаф ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Таърихи навини ташаккулёбии давлати соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз пешсафони фаъол дар истифодаи оқилона ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи умумиҷаҳонӣ буд ва мемонад. Ташаббусҳои сершумори кишвар дар сатҳи минтақавӣ ва умумиҷаҳони тасдиқи гуфтаҳои болоянд. Зимни суханронии худ дар ҷаласаи 54-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 1 октябри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рањмон пешниҳод намуд, то соли соли 2003 Соли байналхалқии оби тоза эълон карда шавад. Соли 2003 соле буд, ки СММ барои аввалин бор баррасии фарогири дастовардҳои даҳсоларо пас аз саммити таърихии соли 1992, ки дар Рио-де-Женейро баргузор гардида буд, шурӯъ намуд. Масъалаи оби тоза яке аз масъалаҳои калидии баррасии соли 2002 ба ҳисоб рафта дар маркази таваҷҷӯҳи чорабиниҳои гуногуни тайёрӣ ва ташаббусҳои байналхалқӣ қарор дорад. Ҳамин тариқ 20 декабри соли 2000 дар ҷаласаи 55-уми Маҷмааи умумии СММ ва дар асоси розигии тарафайн Қатъномаи «Соли байналхалқии оби тоза, 2003» қабул гардид. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 низ ташаббуси Тоҷикистон буд (Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ аз 23 декабри соли 2003, 58/217, ҷаласаи 58) Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Соли байналхалқии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо СММ ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ намуд, Форуми байналхалқии оби тоза (29 август-1 сентябри соли 2003, ш. Душанбе), Конфронси байналхалқӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ (30 май-1 июни соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналхалқӣ оид ба коҳиш додани сатҳи офатҳои табиии марбут ба об (27-29 июни соли 2008, ш. Душанбе). Тоҷикистон сиёсати пайгиронаро дар бахши масъалаҳои марбут ба об амалӣ намуда, ҳамзамон, бо дарназардошти аҳамияти ҷалби пурраи ҳамаи ҷонибҳои дахлдори манфиатдор, аз ҷумла занон, кӯдакон, пиронсолон, маъюбон, мардуми таҳҷоӣ ва дигар намояндагони мардуми маҳаллӣ ба раванди мазкур муалифи қатъномаи нави Маҷмааи умумии СММ (64/198) аз 21 декабри соли 2009 оид ба Баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 гардид. Тибқи қатъномаи мазкур гузаронидани ду чорабинии муҳими байналхалкӣ марбут ба об дар назар буд, Муколамаи сатҳи баланд оид ба баррасии рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ, ки баргузориаш 22 марти соли 2010 дар Рӯзи байналхалқии об дар Ню Йорк дар ҳошияи ҷаласаи 64-уми Маҷмаи умумӣ ва Конференсияи байнахалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, ки баргузории он 8-10 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои раванди мазкур Президенти Тоҷикистон зимни суханронии худ дар Форум ҷаҳонии Об дар шаҳри Истамбул пешниҳод кард, то санадҳои асосии меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи об бо дарназардошти талабот ва чолишҳои муосир мутобиқ гардонида шаванд. Ҳамзамон ӯ пешниҳод намуд, то соли 2012 Соли байналмилалии дипломатияи об баҳри таҳкими ҳамкорӣ дар танзими муносибатҳо дар соҳаи об эълон гардад. Эълони соли 2012 ҳамчун Соли байналмилалии дипломатияи об чун як таконе дар расидан на танҳо ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» 2005-2015, балки ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола низ маҳсуб меёбад. Тағйирёбии иқлимро чун таҳдиди асосӣ ба захираҳои обӣ ҳисобида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти ҷонибҳои Протоколи Киот оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар шаҳри Копенгаген баргузор гардид (декабри соли 2009), таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намуд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши об, аз ҷумла ташаббусҳое, ки аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ дастгирӣ ёфтаанд – Соли байналмилалии оби тоза 2003 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об арои ҳаёт» 2005-2015 дарки зарурати гузаштан аз баррасӣ, изҳори хоҳиш ва эъломи ӯҳдадорӣ ба татбиқи чораҳои амалӣ дар бахши об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким бахшид. Ин ҳадафи нави стратегии ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири инсон, ба хотири ҳаёт аст. Ҳамзамон, мавриди қайд аст, ки дар чорабиниҳо баҳри татбиқи қатънома оид ба баргузории Муколамаи сатҳи баланд оид ба баррасии рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи 64-уми Маҷмааи умумӣ дар Рӯзи байналмилалии об, ки 22 марти соли 2010 дар шаҳри Ню Йорк баргузор гардид, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Сарвазир Оқил Оқилов ширкат варзид. Тоҷикистон ба ҳайси ташаббускори эъломи Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» бар он назар аст, ки татбиқи Рӯзномаи СММ оид ба об бояд ҷоннок ва бо мазмуни амалӣ бой гардонида шавад. Татбиқи бомуваффақияти чорабиниҳои Даҳсола, ки ба нақша гирифта шудаанд, метавонад на танҳо ба дастрасии беҳтари аҳолӣ ба оби ошомидании бехавф ва беҳдошт, балки њамчунин ба ҳалли масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим — сиҳатии омма, аз ҷумла ҳифзи сиҳатии кӯдак ва модар, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, муҳити зист, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мусоидат намояд. — Махмудҷон Носирович, сабаби асосии таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои марбут ба об дар арсаи байналмилалӣ дар чист? — Вазъи таъмини аҳоли бо об сол аз сол бадтар шуда истодааст. Зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон ба шумораи бештари соҳаҳои иқтисодиёт ва кишварҳо, ки байни худ барои истифодаи захираҳои об рақобат мекунанд, оварда расонидааст. Камбуди об, ки рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст, таъсири манфии ин падида, партобҳо ва дигар омилҳои манфӣ ин муқовиматро бештар хоҳанд кард. Соли 2025 шумораи аҳолие, ки дар кишварҳои аз об камбуддошта ҳаёт ба сар мебаранд, ба 3 миллиард хоҳад расил, вале аксари чунин кишварҳо зербинои зарурӣ ва низоми идораи нигоҳдории самаронок ва истифодаи обро надоранд. Кишварҳои дунё сол то сол бо зарурияти қабули қарорҳои мушкили марбут ба таъмини риояи манфиатҳои ҳамаи истифодабарандагон ва соҳаҳои иқтисодиёте, ки барои об рақобат мекунанд, рӯ ба рӯ мешаванд. Соҳаҳои калидии истифодабарандагони об инҳоянд: обрасонӣ ва беҳдошт, кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат ва муҳити зист. Масъалаи амнияти озуқаворӣ, ки рӯз то рӯз бадтар мешавад, рушди биоэнергетика, баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрока солҳои охир ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсири манфи расонида, ба зарурияти бештари истифодаи об аз ҷониби соҳаи кишоварзӣ ва энергетика оварда мерасонад. Надоштани дастрасӣ ба обрасонии зарурӣ, бехавф, устувор ва хизматрасонии канализатсионии бехавф аз ҷониби қишрҳои камбизоати аҳолӣ дар роҳи баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо монеа эъҷод мекунад. Тағйирёбии иқлим ва зиёдшавии шумораи аҳолӣ вазъиятро марбут ба об боз ҳам бадтар мекунад. Инсоният ба марҳилае расидааст, ки ҳалли минбаъдаи масъалаҳои марбут ба об танҳо аз тариқи рушди технологияҳои сарфаи об ва ба ҳадди назаррас баланд бардоштани самарии истифодаи захираҳои обӣ, инчунин, дигаргунӣ дар муносибати одамон ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи истифодаи сарфакоронаи об имконпазир аст. Огоҳӣ, дарк ва эътирофи аҳамияти истифода ва идораи муассири захираҳои обӣ солҳои охир афзудааст, ки ин натиҷаи ташаббусҳои банақшагирифтаи ҷорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мебошад. Дастоварди муҳимтарини ҷомеаи байналмилалӣ дар ин самт таъсиси ниҳоди СММ-Об мебошад, ки татбиқи чорабиниҳоро дар доираи Даҳсолаи амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 ҳамоҳанг менамояд. Ҳамзамон, истифодаи муассири захираҳои обӣ бо низоми муассири иқтисодии идораи захираҳои обӣ вобастагии зич дорад. Зарурати сармоягузорӣ ба инфрасохтори об баҳри баланд бардоштани сатҳи муассири он бевосита аз сиёсати дурусти иқтисоди дар бахши об вобаста аст. Нигоҳдории фаъоли инфрасохтори обӣ дар баробари тавсеа ва рушди инфрасохтори кишварҳои тараќќикунанда дорои аҳамияти стратегӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, масъалаи идораи об минбаъд дорои аҳамияти бештар дар рушди устувори кишварҳо хоҳад дошт. — Мақсади баргузории Конфронси байналмилалии дарпешистода чист? — Мақсади асосии баргузории Конфронс баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», таҳлили пешравие, ки дар доираи ҳадафҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ ба даст омадааст ва пешбинии дурнамои татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии марбут ба об ва масъалаҳои обӣ то соли 2015 мебошад. Конфронси мазкур имкони баррасӣ ва таҳияи чораҳои нав бахри такон бахшидани талошҳо оид ба иҷрои саривақт ва пурраи ин ҳадафҳоро фароҳам меоварад. Панч соли аввали Даҳсола ба ҳалли масъалаҳои обӣ дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи об аҳамияти бештар медиҳад. Ҳамзамон, хулосабарории фосилавӣ оид ба натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани чораҳои минбаъда баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва дигар ҳадафҳо, ки аз ҷониби ҳаракати ҷаҳонии об гузошта шудаанд, дорои аҳамияти махсус мебошанд. — Мавзӯъҳои асосие, ки барои баррасӣ дар конфронс пешниҳод мегарданд, кадоманд? — Интизор меравад, ки баррасии фарогири миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалӣ имконияти таҳлили пешравие, ки дар доираи ҳадафҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда ба даст омадаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, њамзамон дурнамои татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии марбут ба об ва дигар масъалаҳои обиро то соли 2015 дар бар мегирад. Баррасии мазкур инчунин имкони ҳаллу фасл ва таҳияи чораҳои навро баҳри такон бахшидани талошҳо ба мақсади пурра ва саривақт расидан ба ин ҳадафҳо фароҳам меорад. Баррасии фарогири миёнамуддат чун заминае барои ҳаллу фасли ҳамаи ҳадафҳои марбут ба масъалаҳои об хизмат намуда, дар доираи конфронс ҷаласаҳои пленарӣ ва сексионӣ, ҷаласаҳои махсус ва мизҳои мудаввар, ки дар онҳо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт, баргузор мегарданд: дастрас будан ва дастрасӣ ба оби тозаи бехавф ва беҳдошт, ҳадафҳои Эъломияи ҳазорсола, аз ҷумла ҳадафҳои рушди ҳазорсола, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва амнияти озуқаворӣ. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе метавонад имкони ҳаллу фасли муфассали ҷанбаҳои зерини баррасии фарогири миёнамуддатро фароҳам оварад: аз чумла идораи байналмилалии амалии захираҳои обӣ, баланд бардоштани сатҳи самаранокӣ дар объёрӣ ва хоҷагии қишлоқ, мутобиқат ба тағйирёбии иқлим, гидроэнергетика, сафарбаркунии захираҳои молиявӣ, иқтидори сохторӣ ва техникӣ, масъалаҳои гендерӣ, беҳтар намудани таъмини об дар Осиё ва Африқо, идораи об ва ғайра. — Натиҷаҳои интизории конфронс кадомҳоянд? — Интизор меравад, ки кори конфронс бо қабул намудани Эъломияи вазирон, ки натиҷаҳои нимаи аввали Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015-ро якҷо бо тавсияҳои мушаххас ва пешниҳодҳо оид ба таҳкими минбаъдаи чораҳои сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои марҳилаи дуюми Даҳсола баҳри расидан ба ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда бо дарназардошти ҷалби пурраи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар бар мегирад, ба охир мерасад. Интизор меравад, ки Эъломияи вазирон ба Маҷмааи умумии СММ дар рафти ҷаласаи 65-уми аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мизбон пешниҳод карда хоҳад шуд. — Ҳайати иштирокчиёни интизорӣ аз кӣ иборат аст: шумораи онҳо, аз кадом кишварҳоянд ва кадом созмону бунёдҳои байналмилалиро намояндагӣ мекунанд? — Айни замон аз номи Кумитаи тадорукот ва Гурӯҳи корӣ даъватномаҳо ба номи сарвазирон/сарварони ҳукуматҳои 191 кишвари-узви СММ, зиёда аз 70 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва созмонҳои молиявӣ, инчунин, 120 марказҳои илмиву омӯзишӣ, олимон ва мутахассисони як қатор кишварҳои дунё фиристода шудааст. Мо аллакай розигии баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷамъиятӣ, идораҳои давлатии кишварҳои хориҷ, марказҳои илмию омӯзишӣ, олимон ва мутахассисони як қатор кишварҳоро барои иштирок дар кори конфронс гирифтем. — Оид ба чорабиниҳои тайёрӣ чи гуфта метавонед? — Чуноне ки қаблан гуфта шуда буд, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории конфронс бо як овоз аз ҷониби МУ СММ дастгирӣ ёфт ва қатъномаи дахлдор қабул гардид. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Муовини сардори кумита Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мебошад. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ба Кумитаи тадорукот шомиланд. Гурӯҳи корӣ (Котибот) дар назди Кумитаи тадорукот фаъолият дорад. Ҳукумати кишвар як силсила ҳуҷҷатҳоеро, ки барои дар сатҳи лозима гузаронидани конфронс заруранд, қабул намуда, консепсияи Конфронс ва Намоиши байналмилалии «Об барои ҳаёт»-ро тасдиқ намудааст. Созмони Милали Муттаҳид дар навбати худ ба созмону ташкилотҳои махсуси СММ дастур додааст, то дар тайёр намудан ва гузаронидани Конфронси мазкур иштироки фаъол намоянд. Ба мақсади ҳамоҳангӣ ва тайёрї ба Конфронс СММ коршиносон (намояндагон)-и худро тайин намуд ва онҳо аллакай дар доираи Гурӯҳ корӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Ҳамин тариқ, ба мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ба Гурӯҳи корӣ коршиноси Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Виктор Бадакер аз 10 то 23 марти соли ҷорӣ дар Душанбе қарор дошт. Дар асоси лоиҳае, ки аз ҷониби Котибот пешниҳод гардид, лоиҳаи ҳамоҳангшудаи муфассали Барномаи Конфронс таҳия гардид. Ҳамзамон 6 апрели соли ҷорӣ сафари кормандони СММ, аз ҷумла Сардори марказҳои байналмилалии «Об барои ҳаёт» Ризо Ардакониян (Бонн, Германия) ва хонум Жозефина Маесту (Сарагоса, Испания) ба мақсади ҳамоҳангӣ ва тайёрӣ ба Конфронс дар назар аст. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки сомонаи интернетии конфронс ба ду забон ба истифода дода шудааст. Таҳияи филмҳои мустанади марбут ба масъалаҳои конфронс ба нақша гирифта шудааст. — Пӯшида нест, ки ҳама чунин чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ сарфу ҳарҷи муайянеро тақозо менамоянд. Лутфан, оид ба манбаҳои маблағгузорӣ якчанд сухан мегуфтед. — Дастгирии молиявиро дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди СММ, САҲА, ЮНЕСКО, Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамоянд.