ТОЛИБИЛМОНИ ТОҶИК ЗАБОНИ АЛЛОМА ИҚБОЛРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар назди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиши забони урду ташкил карда шуд. «Ҳадаф аз ташкили курси омӯзиши забони урду, баланд бардоштани сатҳи забондонии толибилмон ва шиносоӣ бо адабиёту фарҳанги Покистон аст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алтамаш Вазир Хан. Алҳол дар курси мазкур 25 нафар толибилмон ба омӯзиши забони урду фаро гирифта шуда, онҳо бо китоб ва адабиёти роҷеъ ба омӯзиши забони урду таъмин гардидаанд. Дарсҳо дар як ҳафта як соат ҷараён гирифта, ба толибилмон дастпарвари бахши урдуи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Гулрухсор Раҳимова нозукиҳои забони урдуро меомӯзад. «Забони урду ба забони тоҷикӣ шабоҳат дошта, 65 фоизи онро калимаҳои қадимаи забони форсӣ ташкил медиҳад», меафзояд А. Вазир Хан. Аз ин рӯ, омӯзиши забони урду ба бачаҳои тоҷик ягон мушкилӣ пеш намеорад. Забони урду бо ҳуруфоти арабиасос навишта шуда, алифбои он асосан аз 37 ҳарф иборат аст. Инчунин, Алтамаш Вазир Хан афзуд, ки забони форсию урду решаи ягона дошта, макони пайдоишаш сарзамини Ҳинд аст. Забони урду дар Покистон забони миллӣ ба ҳисоб меравад ва бо он аҳолии 180 миллионнафараи Покистон муоишират ва гуфтугӯ мекунанд. Ҳамзамон, А. Вазир Хан роҷеъ ба тавсиаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон ибрози назар карда, гуфт, ки соли гузашта дар доираи таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон гӯшаи Покистон кушода шуд, ки он дар тайёр намудани мутахассиони бахши забони урду дар Тоҷикистон ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни Покистон саҳми муносиб мегузорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






