ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Апрель 8, 2010 11:47

Душанбе,  8 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Тибқи  хабарҳои  расида,  ҳокимият  дар  Қирғизистон ба дасти мухолифин гузашт. Дар  ин  бора иҷрокунандаи  муваққатии  вазифаи  раиси ҳукумати  эътимоди  мардумӣ Роза  Отунбоева  хабар  дод. Вай  зикр  намуд, ки  алҳол ягон  ҳукумат  ташкил  карда  намешавад, мо танҳо вазифаҳоро  муваққатан  ба  зимма  гирифта,  онҳоро   иҷро  хоҳем  кард. Ба  қавли  Р.Отунбоева,  сарвазири  ҷумҳурӣ Дониёр  Усенов  аризаи  истеъфои  худро  ба  ӯ  супоридааст.  Алҳол  вазифаи  асосӣ   мӯътадил  гардонидани  вазъияти  ҷумҳурӣ  мебошад.  Мо  бояд  ҳаёти одамонро  муҳофизат  намуда,  ба   талаю  тороҷи   моликияти  аҳолӣ  роҳ  надиҳем,  гуфт Отунбоева. Раиси  Ҳизби  мухолифи «Оқшумқор»  Темир  Сариев  ба  мухбирон  гуфт, ки  ҳукумати  мамлакат  ҳамроҳи  сарвазир  ба  истеъфо  меравад. Агентии  иттилоотии  Кабар  хабар  дод, ки   бегоҳии  рӯзи  чоршанбе   роҳбари   мухолифини  Қирғизистон,  вазири  собиқи  мудофиа  ва  котиби   Шӯрои  амният,  генерал Исмоил Исҳоқов  аз  ҳабс  озод  карда  шуд. Вакили  дифои   Исҳоқов  Азимбек  Бекназаров  зикр  намуд, ки  маъмурияти  ҳабсхона  баъди  ба он   наздик  шудани  намоишгарон Исҳоқовро  бе ягон  мамониат  озод  кард. Исҳоқов  аз  ҳабсхона баромада,  ба шабакаи телевизионии  «ЭлТр»  рафта,  дар  яке  аз  барномаҳои он   ширкат  варзид. И.Исҳоқов   аввали   соли  равон бо гуноҳи  ғайриқонунӣ ба  писараш  додани  ҳуҷраи  хизматӣ  ба  мӯҳлати  8  сол  ҳабс  карда  шуда буд.  Генерал ба ҳукми  суд ҳамчун  амали   тақиби  сиёсӣ  баҳо  дод.  Яке  аз  роҳбарони  мухолифин  Омурбек  Текебоев  дирӯз  изҳор  намуд, ки  агар  И.Исҳоқов  аз  ҳабс  озод  карда  шавад,  артиши  Қирғизистон  ба тарафи  мухолифин  мегузарад. Президенти  Қирғизистон  Қурмонбек  Боқиев  пойтахти  мамлакатро тарк  намуд ва  айни  ҳол  дар  шаҳри  Ӯш  мебошад. Вазири  мудофиаи   ҷумҳурӣ  низ   ҳамроҳи  ӯ  ба  ин  ҷо  омадааст. Намоишгарон  бегоии рӯзи  чоршанбе  ба  Қасри  ҳукумати  Қирғизистон  зада  даромаданд. Ин  лаҳза  дар  қасри  ҳукумат  ягон  шахси  мансабдор  набуд. Шахсони  номаълум  дирӯз  дар  Бишкек  се  хонаро  талаю  тороҷ  карда, оташ  заданд, ки ба  аҳли  оилаи  Қурмонбек  Боқиев  тааллуқ  дошт.  Аз  рӯи  баъзе  хабарҳо,  рӯзҳои охир  дар  ин  хонаҳо хешу таборони  Боқиев  зиндагӣ  мекарданд. Мухолифин  фурудгоҳи байналмилалии  Манасро  таҳти назорати  худ  гирифтанд, ки   аз Бишкек  даҳҳо  километр  дур  воқеъ  гардида,  дар  ҳудуди  он пойгоҳи   низомии  Қувваҳои  ҳарбии  ҳавоии  ИМА  ҷой  дода шудааст. Тавре  хабар  дода  шуда буд, президенти  Қирғизистон   дар  шаҳрҳои  Бишкек,  Талос,  Чуй ва  вилояти  Норин  ба  мӯҳлати  як  моҳ  вазъияти  фавқулодда  ва  қуюди  шабгардӣ  ҷорӣ  карда  буд. Хабар  дода  мешавад, ки  вобаста ба  муташанниҷ  гардидани  вазъияти  Қирғизистон  посбонӣ ва  муҳофизати  пойгоҳи  низомии  Русия  дар  Кант  пурзӯр  карда шуд. Намояндаи  расмии  дафтари  матбуоти  Вазорати  мудофиаи  Русия  хабар  дод, ки  пойгоҳи низомӣ   мувофиқи тартиби  муқаррарӣ  кор  мекунад,  ҳавопаймоҳои он  мувофиқи  нақша  парвоз  мекунанд. Муншии  умумии  СММ  вобаста ба  вазъияти  Қирғизистон  изҳори ташвиш  намуд. Вай  ҳамаи  тарафҳоро   даъват  кард, ки  сабру таҳаммулро  пеша  карда,   роҳи  гуфтушунидро  пеш  гиранд. Муншии  умумии  СММ  таъкид  кард, ки  озодии маҷлису   намоишҳо  ҷузъи  ҷудонашавандаи  ҷамъияти   демократӣ  мебошад,  вале  бояд  волоияти  қонун  ҳатман  риоя  шавад. Аз  рӯи  маълумоти  Вазорати тандурустӣ,  дар  натиҷаи  муноқиша  дар  Қирғизистон  65 нафар,  аз  ҷумла дар  Бишкек  47  нафар  ҳалок  шуд.  495  нафар  ба  шифохонаҳо  фиристода,  393  нафар   барои табобат  хобонда  шуданд. Хадамоти  марзбони  Қирғизистон вобаста ба тезу тунд  гардидани  вазъият   муҳофизати  ҳамаи  қитъаҳои  сарҳадро  пурзӯр  намуд. Вале  гузаргоҳҳои  сарҳадӣ  ҳанӯз  баста  нашудаанд.

Апрель 8, 2010 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст