ВТ: БЕМОРИИ ФАЛАҶ ДАР ҶУМҲУРӢ БА 120 НАФАР РАСИДААСТ
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар соли 2010 бемории фалаҷи шадид (полиомиелит) дар ҷумҳурӣ ба 120 нафар расидааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Инчунин, қайд намуданд, ки дар айни замон, қисми зиёди ин беморон дар натиҷаи табобат пурра шифо ёфтаанд. Шумораи зиёди бемориро нисбати солҳои гузашта ба назар гирифта, Вазорати тандурустӣ барои муайян намудани сабабҳои пайдоиши ин беморӣ ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муроҷиат намуд. Дар натиҷа, моҳи апрели соли равон мушовирони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҷумҳурии мо ташриф оварда, дар айни замон бо мутахассисони Вазорати тандурустӣ барои муайян намудани сабабҳои ин беморӣ амал намуда истодаанд. Дар назар аст, ки бо тавсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар якҷоягӣ бо давлатҳои ҳамсоя бар зидди бемории фалаҷи шадид эмкунӣ ба нақша гирифта шавад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ аз соли 2002 ин ҷониб ҳар сол аз 25 то 40 нафар ин намуди беморӣ ба қайд гирифта мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






