ЮНИСЕФ ҲАМКОРИИ НАЗДИКТАРРО БО ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶТ ДАСТГИРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Имрӯз, 12 апрел, дар Душанбе, байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳашт ноҳия ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ЮНИСЕФ хабар доданд, мақсади ёддошт тақвият додани ҳамкориҳои муштарак бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Кӯлоб, Панҷ, Панҷакент, Қубодиён, Рашт ва Шуғнон ва ба даст овардани шароитҳои беҳтар барои занон ва кӯдакон мебошад. “Ёддошти тафоҳум ҳуҷҷатест, ки ҳамчун асос барои ҳамкорӣ дар давоми солҳои 2010-2011 хизмат менамояд»,- гуфт роҳбари барномаи Тандурустӣ ва oзуқаи, намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Аядил Сапарбеков,. «Инчунин, мо ба наздикӣ нақшаи амалро бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳашт ноҳия ва шаҳрҳо ба имзо мерасонем, ки муфассалтар доира ва самти ҳамкориро вобаста аз эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи ҳар як ноҳия дар муддати ду соли охир, муайян мекунад». «Ҳуҷате, ки мо ба имзо мерасонем самти нави ҳамкориро байни ЮНИСЕФ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияҳро пешбинӣ мекунад»,- илова намуд, ҷонишини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод. Аз рӯи ин самт ЮНИСЕФ кӯмаки молии худро на ба буҷаи давлатӣ, балки бевосита ба буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои дар боло зикршуда равона месозад». «Ҳамкории васеъи ЮНИСЕФ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои боло зикр шуда ба рушд додани соҳаҳои зиндамонӣ ва инкишофи кӯдак, маълумоти миёна ва баробарии гендерӣ, ҳифзи кӯдак ва системаи иттилоотии идоракунӣ равона шудааст ва ЮНИСЕФ бо кӯмаки моллӣ ва техникӣ таъмин намуда, сатҳи дониш ва корбарии кормандони онҳоро баланд мебардорад», афзуд манбаъ. Ёддошти тафоҳуми ба имзорасида дар асоси Накшаи амалиёти барномаи сатҳи кишвар (НАБСК) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ барои солхои 2010-2015, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 25 декабри соли 2009 ба имзо расидааст, ва бо роҳнамоии Стратегияи рушди милли (СРМ) барои солҳои 2007-2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПСК) барои солҳои 2010-2012 тартиб дода шудааст.








Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!






