З. АЗИЗОВ: «СУДЯҲО ҚОНУНРО НОДУРУСТ ТАТБИҚ МЕКУНАНД»
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов 12 апрел зимни нишасти матбуотӣ аз камбудиҳо дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла саривақт ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ нагардидани парвандаҳои судӣ, ҷой доштани қонуншиканиҳо аз ҷониби баъзе судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 1 нафар судя бинобар нисбаташ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он аз вазифаи судӣ озод гардид. Инчунин, барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ бо қарори Коллегияи тахассусии судяҳои назди Шӯрои адлия нисбат ба 4 нафар муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуда, фаъолияти 10 нафар судяҳо муҳокима гардид. «Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе судяҳо қонунро нодуруст татбиқ мекунанд ва ё талаботи кодексҳоро ба инобат намегиранд, аз ин рӯ, ҳангоми баррасии парвандаҳо ба қонуншиканӣ оварда мерасонад», — идома дод раиси Шӯрои адлия. З. Азизов афзуд, ки иҷрои талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва дар ҳамин замина ҳаллу фасли дурусту саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ки ба дастгоҳи марказии Шӯрои адлия ворид мегарданд, зери назорати қатъӣ ва доимӣ карор дошта, ҳамаи 236 арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар семоҳаи аввали соли равон ҳаллу фасл гардид. Раиси Шӯрои адлия ба саволҳои хабарнигорон посух дода, зикр кард, ки Шӯро корро дар самти хоста гирифтан ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои болаёқату пуртаҷриба дар мақомоти судӣ тақвияти тоза бахшида, намегузорад, ки кормандони тасодуфӣ ба сафи судяҳо роҳ ёбанд. Ёдовар мешавем, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи судҳои ҷумҳурӣ 6238 адад парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 5684 адад парвандаҳои гражданӣ баррасӣ шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






