ЗАНОН БЕШТАР БА ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА ТАЪИН МЕШАВАНД

Апрель 12, 2010 11:40

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). — Имрӯз  бахшида ба фаъолияти  семоҳаи Кумитаи  занон ва  оилаи  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ барои  хабарнигорон  нишасти  матбуотӣ  ташкил  карда шуд.  Дар  нишасти  матбуотӣ  натиҷаҳои  фаъолияти  кумита дар  давоми   се  моҳи  аввали  соли  2010  ҷамъбаст  гардид. Дар  ин  бора раиси  кумита  Сумангул  Тағоева  сухан ронда,  баъдан  ба  саволҳои  хабарнигорон  ҷавоб  дод. С.Тағоева   зикр  кард, ки  Президент,  давлат  ва  ҳукумати  ҷумҳурӣ барои боло  бурдани  мақоми  зан  дар  ҷомеа  тадбирҳои  судбахш  меандешанд. Айни  ҳол  ба  ҳайати нави  Маҷлиси  миллии ҷумҳурӣ  2  нафар  ва ба  ҳайати  Маҷлиси  намояндагон  12  нафар  зан  шомиланд. Ғайр  аз  ин 67  муовини  раисони   вилояту  шаҳрҳо  ва  4 муовини  раиси  ноҳияҳои  мамлакат  занон  мебошанд. Қайд  карда шуд, ки   дар  вилояти  Суғд  1 нафар  зан  узви  Маҷлиси  миллӣ,  5  нафар  зан  вакили  Маҷлиси  намояндагон,  95  нафар  вакили   маҷлисҳои  маҳаллӣ,  дар  вилояти  Хатлон  2  нафар  узви   Маҷлиси  намояндагон, 228  нафар   аъзои  маҷлисҳои  маҳаллӣ,   дар  ВМКБ 2  нафар  зан  узви  Маҷлиси  миллӣ,  1  нафар  узви  Маҷлиси  намояндагон ва 48  нафар   аъзои  маҷлисҳои  маҳаллӣ  мебошанд. С.Тағоева  хабар дод, ки  дар назди  Кумитаи  занон   маркази  «Боварӣ»  фаъолият  дорад.  Марказ   ба  занону  духтарон  кӯмаки  ҳуқуқию  рӯҳӣ  ва равонӣ  мерасонад.  Дар  давоми  се  моҳ  509   зану  духтар  ба  кумитаи  мазкур  муроҷиат намуд. Бо  кӯмаки  Муассисаи  наҷоти  атфоли  СММ  ва  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ  дар  маҳалҳо  марказҳои   маслиҳату  машварат  ба  занон  кушода  шудаанд.  Тӯли  се  моҳи  гузашта дар  вилояти  Суғд  610  нафар  зан  ва  220 нафар  мард  ба  чунин  марказҳо  муроҷиатҳо  кардаанд. Раиси  кумита  зикр намуд, ки ба  занон  инчунин  кӯмаки  моддӣ  низ  расонида  мешавад. Аз  ҷумла  дар  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  барои  занони  маҳаллӣ  350  ҷои  нави  кор   муҳайё  карда  шуд. Муассисаҳои  молиявӣ  дар  вилоят ба  2114 нафар  зан  ба  маблағи  14  миллиону  1927 сомонӣ  қарз  доданд. Дар  вилояти  Хатлон  шумораи  занони  тоҷир ба  3620  нафар  мерасад. Аз  рӯи  маълумоти раёсати  муҳоҷирати  ВКД   айни  ҳол  11 ҳазору 139  нафар   зани тоҷик  барои кор  ба  мамлакатҳои  дигар  рафтааст. Аз  Вазорати  меҳнат  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  хабар  доданд, ки    тӯли  моҳҳои  гузашта  12  ҳазору  321   зану  духтар   роҷеъ ба  масъалаҳои ёфтани  кор   ба  марказҳои  шуғли  аҳолӣ  муроҷиат  намудааст. Аз ин  ҷумла 3 ҳазору  107  нафар  зан  бо  кори доимӣ  ва  520  нафари   дигар бо кори  ҷамъиятӣ таъмин  карда  шуданд. Айни  ҳол дар  мамлакат  13  ҳазору  882   зан   ҳамчун  шахси бекор  ба  қайд  гирифта шудааст,  гуфт  дар  хотима  С.Тағоева.

Апрель 12, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад