ЗИЁДА АЗ 6 КГ ГЕРОИН ДАРЁФТ ШУД
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ шаҳрванд Бахтиёр Додоҷонов, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 5 кг 324 гр маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳамчунин ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Ҷамшед Қосимов, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе дар дохили қуттии меваи банан, ки дар болои кати ҳавлӣ меистод 10 адад халтачаи селофанӣ дорои маводи хокаи зардчатоб дарёфт карда шуд. Тибқи ташхиси криминалии ВКД нишон дод, ки маводи сахттаъсири героин буда, вазнаш тақрибан 1 кг ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далелҳо бо моддаи 200 (қ.3) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






