1 601 ДАЛЕЛИ ДУЗДӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз ҷониби шаҳрванд Бахтиёр Чилаев, соли таваллудаш 1985, сокини кӯчаи Аҳмади Дониш, савдогари мағозаи «Галина» воқеъ дар кӯчаи Адҳамов ариза ворид гардид, ки 21 феврали соли равон шахсони номаълум бо тариқи шикастани кулфи дар вориди мағозаи номбурда шуда аз он ҷо маводи хӯрока ва беш аз 6 ҳазор сомониро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, вобаста ба далели мазкур корҳои ҷустуҷӯӣ идома доштанд. Аз ҷониби кормандони бахши кофтуковӣ ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур шаҳрвандон Евгений Тарасов, соли таваллудаш 1985, қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ доғи суди дорад, Станислав Ляпустин, соли таваллудаш 1973, пеш бо моддаи 89, 244 КҶ ҶТ доғи судӣ дорад, дастгир карда шуданд. Онҳо ба содир намудани ҷинояти худ иқрор гаштанд. Айни замон нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Бояд қайд намуд, ки дар давоми се моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 1 ҳазору 601 далели дуздӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ин 1 ҳазору 312 далел ошкор карда шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






