Қ. ҚОСИМ ВА С. РАЗАВӢ БА МУВОФИҚА РАСИДАНД

Май 13, 2010 15:23

Душанбе. 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тобистони соли ҷорӣ  бо ибтикори намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон тӯйи арӯсии 40 ҷуфт ҷавонони оилаҳои ниёзманди  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида мешавад. Масъалаи мазкур зимни мулоқоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим бо Раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ дар Хоруғ баррасӣ гардид.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки туйи арӯсии 40 ҷуфт ҷавонони Бадахшон баъд аз таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ гузаронида шавад. Дар мулоқот ҳамчунин, мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумитаро бо мақомоти давлатии ВМКБ матраҳ карданд. Назар ба иттилои Сайидҷаводи Разавӣ,  дар ВМКБ бо ташаббуси Кумитаи мазкур маркази омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ кушода шудааст, ки дар он беш аз 40 нафар занону духтарони вилоят ҳунари дӯзандагиро аз худ менамоянд. Бояд зирк кард, ки дар соли гузашта аз ҷониби Кумитаи имдод ба 500 оилаи ниёзманди ВМКБ кӯмакҳои башардӯстона расонида шуд.

Май 13, 2010 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад