Қ. ҚОСИМ ВА С. РАЗАВӢ БА МУВОФИҚА РАСИДАНД
Душанбе. 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тобистони соли ҷорӣ бо ибтикори намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон тӯйи арӯсии 40 ҷуфт ҷавонони оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида мешавад. Масъалаи мазкур зимни мулоқоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим бо Раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ дар Хоруғ баррасӣ гардид.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки туйи арӯсии 40 ҷуфт ҷавонони Бадахшон баъд аз таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ гузаронида шавад. Дар мулоқот ҳамчунин, мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумитаро бо мақомоти давлатии ВМКБ матраҳ карданд. Назар ба иттилои Сайидҷаводи Разавӣ, дар ВМКБ бо ташаббуси Кумитаи мазкур маркази омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ кушода шудааст, ки дар он беш аз 40 нафар занону духтарони вилоят ҳунари дӯзандагиро аз худ менамоянд. Бояд зирк кард, ки дар соли гузашта аз ҷониби Кумитаи имдод ба 500 оилаи ниёзманди ВМКБ кӯмакҳои башардӯстона расонида шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






